Табиби тоҷики аз СОVID-19 шифоёфта: Вирусологҳо намерасанд, доруро беморон худашон мехаранд

Дар мусоҳиба ба “Азия-Плюс” ҷарроҳи маъруфи кишвар, номзади илмҳои тиббӣ, Ходими шоистаи Тоҷикистон Саид Нодирӣ изҳор дошт, ки дар ӯ коронавирус ошкор шуда, аввали даҳаи дуюми моҳи май дар беморхонаи “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе бистарӣ шудааст. Табиб қайд кард, ки дар беморхонае, ки ӯ муолиҷа мегирифт, табибони вирусшинос хеле кам буда, асосан терапевтҳо (табибони бемориҳои дохилӣ […]

Дар мусоҳиба ба “Азия-Плюс” ҷарроҳи маъруфи кишвар, номзади илмҳои тиббӣ, Ходими шоистаи Тоҷикистон Саид Нодирӣ изҳор дошт, ки дар ӯ коронавирус ошкор шуда, аввали даҳаи дуюми моҳи май дар беморхонаи “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе бистарӣ шудааст.

Табиб қайд кард, ки дар беморхонае, ки ӯ муолиҷа мегирифт, табибони вирусшинос хеле кам буда, асосан терапевтҳо (табибони бемориҳои дохилӣ ё дарунӣ) ва ҷарроҳон ба муолиҷаи беморон машғуланд.

“Баъзе антибиотикҳоро беморон, аз ҷумла худи ман ҳам аз ҳисоби худ мехаридем. Пас аз доруворӣ таъин кардани табибон, ки дар захираи худи беморхона ёфт намешуданд, ман аз ҳамшираҳои шафқат, ки ба кӯча мебаромаданд, дархост мекардам, ки ин доруҳоро харида оранд. Барои ин корашон аз онҳо хеле миннатдорам”, – гуфт Нодирӣ.

Ба гуфтаи ӯ, қариб ҳамаи беморони дар “Истиқлол” бистаришуда ба бемории шиддатноки асаб гирифтор буда, вазъашон хеле нороҳат аст ва бо ҳамдигар қариб гуфтугӯ намекунанд.

“Ба ақидаи ман, имрӯз дар Тоҷикистон ба равоншиносон на камтар аз вирусшиносон эҳтиёҷ мавҷуд аст”, – чунин мешуморад табиб.

Чанде пеш вазири тандурустии ҷумҳурӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, ки қаблан худаш сардухтури беморхонаи “Истиқлол” буд, дар мусоҳиба ба АМИТ “Ховар” изҳор намуд, ки табобати беморони коронавируси нави COVID-19 дар Тоҷикистон пурра ройгон буда, имрӯз маводи доруворӣ ва муҳофизатӣ дар мамлакат кофист.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.