Дар сарҳади Тоҷикистон танҳо 7 гузаргоҳи боз барои боркашонӣ амал мекунад

Рӯзи 26 май зимни вебинар дар мавзӯи “Транзити байнулмилалӣ ва боркашонӣ дар шароити паҳншавии COVID-19” сардори Раёсати нақлиёти заминии Вазорати нақлиёти Тоҷикистон Фаррух Неъматзода изҳор дошт, ки айни замон дар сарҳади Тоҷикистон барои боркашонии байнулмилалӣ танҳо 7 гузаргоҳ амал мекунад. Чорабинии мазкур аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдиду рушд дар ҳамдастӣ бо Иттифоқи машваратчиёни касбии Тоҷикистон […]

Рӯзи 26 май зимни вебинар дар мавзӯи “Транзити байнулмилалӣ ва боркашонӣ дар шароити паҳншавии COVID-19” сардори Раёсати нақлиёти заминии Вазорати нақлиёти Тоҷикистон Фаррух Неъматзода изҳор дошт, ки айни замон дар сарҳади Тоҷикистон барои боркашонии байнулмилалӣ танҳо 7 гузаргоҳ амал мекунад.

Чорабинии мазкур аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдиду рушд дар ҳамдастӣ бо Иттифоқи машваратчиёни касбии Тоҷикистон ташкил карда шуд.

Аз ҷумла, се нуқта дар сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон, дуто – дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ва яктогӣ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ва Тоҷикистону Чин фаъолият доранд.

Намояндаи Вазорати нақлиёт қайд кард, ки бар асари вазъияти ҳозираи вобаста ба коронавирус фаъолияти постгоҳи назоратӣ (Қулма) дар марзи Тоҷикистону Чин ҳанӯз аввали моҳи апрел қатъ гардида буд.

Ба гуфтаи ӯ, фаъолияти ин нуқтаи гузаргоҳи сарҳадӣ аввали моҳи майи ҳамин сол барқарор карда шуд.

Аммо, таъкид дошт ӯ, бо пешниҳоди Чин ин постгоҳ танҳо барои боркашонии контейнерҳо корашро барқарор намуд.

“Ин ҳолат то ба эътидол омадани вазъи вобаста ба пандемияи коронавирус амал мекунад, – гуфт Неъматзода.

Номбурда зикр кард, ки айни замон ҷониби Чин масъалаи гузаштани борро аз постгоҳи “Қулма”бо усули ивази ядак (притесп) ё нимядак (полупритсеп) баррасӣ дорад.

Яъне, шарҳ дод ӯ, ядаки Чин борро то сарҳад оварда, сипас он ба ядаки ватанӣ васл мешавад ва бор но нуқтаи таъинот расонида мешавад.

Неъматзода қайд кард, ки айни замон боркашонии байнулмилалӣ бо қоидаҳои махсусе, ки аз аввали моҳи апрел амал мекунанд, сурат мегирад.

Аз ҷумла, таъкид дошт ӯ, яке аз қоидаҳо ҳатман аз тест гузаштани ронандагон зимни вуруд ба қаламрави ҷумҳурӣ буда, дар ҳамин ҳол, гувоҳномаҳои дар бораи солимӣ додашуда дар кишварҳои дигар ба инобат гирифта намешаванд.

Ба гуфтаи вай, дар сарҳад техникаи зарурӣ барои бор кардан аз як мошин ба мошини дигар вуҷуд дорад, ки боркашонҳо аз он истифода бурда метавонанд.

Зимнан Неъматзода илова кард, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта давоми 4 моҳи соли равон ҳаҷми боркашонии байнулмилалӣ дар умум ба андозаи қариб 15% коҳиш ёфтааст.

Раиси Иттифоқи машваратчиёни касбии Тоҷикистон Лариса Кислякова қайд кард, ки аксари созмонҳои байнулмилалӣ нуқтаҳои гузаргоҳро навсозӣ карда, он ҷо мушкилот ҷой дорад. Масалан, барои санҷиши маҳсулоти зудвайроншаванда шароит муҳайё нашудааст, ки интиқоли минбаъдаи онро бозмедорад.

Кислякова таъкид дошт, ки пандемияи коронавирус нокофӣ будани гардиши электронии ҳуҷҷатҳоро дар кишвар нишон дод.

Ӯ илова кард, ки ин метавонист алоқаи ронандагонро бо намояндагони сохторҳои давлатии машғули кор дар сарҳад ба таври назаррас маҳдуд сохта, ба ин васила вақти таваққуфи борро кам кунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.