Кумаки корбарони «Азия-Плюс» ба беморхонаҳои Хуҷанд ва Гулистон расонида шуд

Date:

Кумаки ба Хуҷанд фиристода ба шарикони иқдоми “Азия-Плюс” – гурӯҳи ризокорон (ихтиёриён) аз вилояти Суғд – «Операция СИЗ Худжанд» (Амалиёти ВМИ Хуҷанд) мувофиқи таъинот истифода шуд.

Тавре ба Шумо – корбарони муҳтарами “Азия-Плюс”, ки ба ин иқдоми мубориза бо COVID-19  саҳм мегузоранд, қаблан хабар дода будем, пеш аз Иди Рамазон аз маблағи ҷамъоваришуда “Азия-Плюс” 5 ҳазор сомониашро ба шариконамон ба Хуҷанд фиристод.

Ҳисоботи онҳо ба мо расид.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ихтиёриён воситаҳои муҳофизати инфиродӣ (ВМИ) харида, ба беморхонаҳои вилоят додаанд, аз ҷумла кумаки хонандагони “Азия-Плюс” ба беморхонаҳои Хуҷанд ва Гулистон дастрас шудааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Навиштаи шарикони суғдии мо:

“…Барои 5 ҳазор сомонӣ кумак ва дастгирӣ, ки аз ҳисоби маблағҳои иқдоми #asiaplus4tajikistan ба мо фиристода шуда, ба ин маърака фаъолтарин корбарони писандидатарин расонаи иттилоотӣ дар Тоҷикистон – Азия + ҳамовозӣ пайдо карданд, ба дастаи гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” самимона изҳори сипос мекунем”.

Сипос барои ҳамкорӣ «Операция СИЗ Худжанд»! Иқдоми мо – “Ба Тоҷикистон ҳамроҳ кумак мекунем!” идома дорад – то имрӯз дар суратҳисоби мо 53825,32 сомонӣ маблағ ҷамъоварӣ шудааст.

Суратҳисобҳои мо:

Ҳамёни Alif mobi: +992987203939

Суратҳисоб дар Alif Bank (корти миллӣ): 5058 2702 8051 0909

Тариқи сомона: www.intiqol.tj (ҳама гуна кортҳои Русия)

PayPal: [email protected]

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...