Табиби тоҷики аз СОVID-19 шифоёфта: Вирусологҳо намерасанд, доруро беморон худашон мехаранд

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар мусоҳиба ба “Азия-Плюс” ҷарроҳи маъруфи кишвар, номзади илмҳои тиббӣ, Ходими шоистаи Тоҷикистон Саид Нодирӣ изҳор дошт, ки дар ӯ коронавирус ошкор шуда, аввали даҳаи дуюми моҳи май дар беморхонаи “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе бистарӣ шудааст.

Табиб қайд кард, ки дар беморхонае, ки ӯ муолиҷа мегирифт, табибони вирусшинос хеле кам буда, асосан терапевтҳо (табибони бемориҳои дохилӣ ё дарунӣ) ва ҷарроҳон ба муолиҷаи беморон машғуланд.

“Баъзе антибиотикҳоро беморон, аз ҷумла худи ман ҳам аз ҳисоби худ мехаридем. Пас аз доруворӣ таъин кардани табибон, ки дар захираи худи беморхона ёфт намешуданд, ман аз ҳамшираҳои шафқат, ки ба кӯча мебаромаданд, дархост мекардам, ки ин доруҳоро харида оранд. Барои ин корашон аз онҳо хеле миннатдорам”, – гуфт Нодирӣ.

Ба гуфтаи ӯ, қариб ҳамаи беморони дар “Истиқлол” бистаришуда ба бемории шиддатноки асаб гирифтор буда, вазъашон хеле нороҳат аст ва бо ҳамдигар қариб гуфтугӯ намекунанд.

“Ба ақидаи ман, имрӯз дар Тоҷикистон ба равоншиносон на камтар аз вирусшиносон эҳтиёҷ мавҷуд аст”, – чунин мешуморад табиб.

Чанде пеш вазири тандурустии ҷумҳурӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, ки қаблан худаш сардухтури беморхонаи “Истиқлол” буд, дар мусоҳиба ба АМИТ “Ховар” изҳор намуд, ки табобати беморони коронавируси нави COVID-19 дар Тоҷикистон пурра ройгон буда, имрӯз маводи доруворӣ ва муҳофизатӣ дар мамлакат кофист.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...