50 тонна олуи Кӯшониён ба Санкт-Петербург рафт

Сайраҳмон Назриев, Азия – Плюс

Рӯзи 27 май 50 тонна олуи соҳибкорони маҳаллӣ аз ноҳияи Кӯшониён ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия фиристода шуд.

Тавре маркази матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад, соҳибкорон олуро дар қуттиҳои махсус бор карда, тавассути мошинҳои боркаш ба Санкт-Петербург раҳсипор намуданд.

Гуфта мешавад, ҳамчунин аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ низ соҳибкорон ба хориҷи кишвар 51 тонна меваҷот содирот кардаанд. Бо иловаи лимӯ аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, то 27 май ҳамагӣ 139 тонна меваҷот ба хориҷи кишвар интиқол ёфтааст.

“Имсол, тибқи дурнамо аз шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ба мамолики хориҷи дуру наздик 90 ҳазор тонна меваю сабзавот содирот хоҳад шуд”, – омадааст дар хабари маркази матбуот.

Ба иттилои манбаъ, то 27 май ин нақша ба андозаи 40,5% иҷро гардида, ба хориҷа 36 ҳазору 429,1 тонна меваю сабзавот, аз ҷумла 36 ҳазору 255,2 тонна пиёз содир карда шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2019 ба андозаи қариб 15 ҳазор тонна бештар аст.

Зикр мегардад, ки маҳсулоти кишоварзии истеҳсоли вилояти Хатлон асосан ба Қазоқистон, Покистон, Афғонистон, Русия ва Қирғизистон фиристода мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...