Имтиҳоноти дохилшавӣ дар Тоҷикистон 1 июл оғоз мегарданд

Имтиҳонҳои дохилшавӣ барои довталабон дар Тоҷикистон аз 1 июл оғоз гардида то 7 июл давом мекунанд. Тавре ба “Азия-Плюс” аз Маркази милии тестӣ (ММТ) хабар доданд, зимни баргузории имтиҳонҳо тавсияҳои Вазорати тандурустӣ риоя шуда, баҳри пешгирии паҳншавии коронавирус тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. “Маъмулан дар синфи имтиҳонгирӣ танҳо як кас сари миз менишинад. Дигар тадбирҳои аз […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Имтиҳонҳои дохилшавӣ барои довталабон дар Тоҷикистон аз 1 июл оғоз гардида то 7 июл давом мекунанд.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз Маркази милии тестӣ (ММТ) хабар доданд, зимни баргузории имтиҳонҳо тавсияҳои Вазорати тандурустӣ риоя шуда, баҳри пешгирии паҳншавии коронавирус тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

“Маъмулан дар синфи имтиҳонгирӣ танҳо як кас сари миз менишинад. Дигар тадбирҳои аз ҷониби Вазорати тандурустӣ тавсияшуда низ ба инобат гирифта мешаванд. Ҳозир ҳамаи корҳо тибқи нақша ҷараён дошта, агар чизеро тағйир додан лозим ояд, дар ин бора тариқи ВАО ва сомонаамон маълумот хоҳем дод”, – гуфтанд дар Марказ.

Манбаъ ҳамчунин қайд кард, ки даври иловагии имтиҳонҳо 12 июл баргузор мешавад.

“Имтиҳони такрорӣ ба довталабоне, ки моҳҳои март-апрел ба қайд гирифта шудаанд, дахл дошта, онҳо аввали моҳи июл метавонанд имтиҳон супоранд, ҳамчунин ба касоне дахл дорад, ки ба даври иловагӣ худро ба қайд мегузоранд, яъне моҳи июн”, – изҳор доштанд дар марказ.

Зикр шуд, ки то рӯзи 26 май беш аз 110 ҳазор нафар ҷиҳати иштирок дар имтиҳонҳо худро ба қайд гузоштаанд.

“Имсол тибқи маълумоти расмӣ, беш аз 80 нафар хатмкардагони мактабҳои миёна донишҷӯёни макотиби олӣ ва муассисаҳои таълимии миёнаи касбии Тоҷикистон шуда метавонанд. Ихтисосҳои писандидатарин имсол тиб, ҳуқуқшиносӣ, биология, тарбияи ҷисмонӣ, филология, омӯзгорӣ (педагогика) ва санъат (ҳунар) мебошанд”, – иттилоъ доданд дар Марказ.

Қаблан аз Маркази миллии тестӣ хабар дода буданд, ки барои баргузории имтиҳонҳои хатмкунандагон дар 18 шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ марказҳо таъсис дода мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.