Феҳристи шахсони ба терроризм дастдошта дар Тоҷикистон нав шуд

Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон ба Руйхати миллии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки бо терроризм алоқамандӣ доранд, тағйирот ворид кард. Дар маълумот доир ба маҳз кадом тағийрот ворид шудан ба ин рӯйхат сухан намеравад. Лекин теъдоди шахсони воқеӣ, ки ба иртибот бо террористон ва ифротгароён гумонбар дониста мешаванд, тӯли соли охир қариб ду […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон ба Руйхати миллии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки бо терроризм алоқамандӣ доранд, тағйирот ворид кард.

Дар маълумот доир ба маҳз кадом тағийрот ворид шудан ба ин рӯйхат сухан намеравад.

Лекин теъдоди шахсони воқеӣ, ки ба иртибот бо террористон ва ифротгароён гумонбар дониста мешаванд, тӯли соли охир қариб ду баробар зиёд шуд: то аввали моҳи май дар феҳрист 1356 нафар ва айни замон – 2647 нафар зикр шудаанд.

Қаблан моҳи апрели соли гузашта ин рӯйхатро ба ду номгӯй тақсим карда буданд:

1. “Рӯйхати шахсони воқеӣ, ки аз ҷониби Тоҷикистон ҳамчун шахсони бо терроризм алоқадошта зикр шудаанд”.

2. “Рӯйхати шахсони воқеӣ, ки аз ҷониби Тоҷикистон ҳамчун шахсони бо ифротгароён (экстремистҳо) алоқадошта зикр шудаанд”.

Акнун рӯйхати дуюм вуҷуд надорад, танҳо аввалааш боқӣ монд.

Феҳристи миллӣ ҳамчунин номгӯйи созмонҳои террористӣ ва ифротгарои фаъолияташон дар Тоҷикистон манъшударо дар бар гирифта, ба он 15 созмону ташкилот шомиланд:

«Ал-Қоида», «Ихвон ул-Муслимин (Бародарони мусалмон)», «Лашкари-Тайиба», «Ҳаракати Толибон», «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон», «Давлати исломии Ироқу Шом», «Ҷабҳат ан-Нусра», «Ҷамоати Ансоруллоҳ», «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон», «Ҷамъияти Исломӣ», «Паймони миллии Тоҷикистон», «Ҷамъияти Таблиғ», «Даъват ба ислом», «Тоҷикистони озод», «Гурӯҳи 24».

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.