Милитсияи Душанбе зимни воридшавӣ ба тарабхонаҳо санҷидани ҳароратро талаб мекунад

Кормандони милитсияи пойтахт дар нуқтаҳои хӯроки умумии шаҳри Душанбе рейд гузаронида, риоя нагардидани як қатор меъёрҳои санитариро ошкор карданд. Тавре дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, кормандони Раёсат дар тарабхонаву қаҳвахона ва ошхонаҳои Душанбе рейди махсус баргузор намуда, маълум шудааст, ки дар аксари нуқтаҳои хӯроки умумӣ меъёрҳои санитарӣ комилан риоя намешаванд. Гуфта […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Кормандони милитсияи пойтахт дар нуқтаҳои хӯроки умумии шаҳри Душанбе рейд гузаронида, риоя нагардидани як қатор меъёрҳои санитариро ошкор карданд.

Тавре дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, кормандони Раёсат дар тарабхонаву қаҳвахона ва ошхонаҳои Душанбе рейди махсус баргузор намуда, маълум шудааст, ки дар аксари нуқтаҳои хӯроки умумӣ меъёрҳои санитарӣ комилан риоя намешаванд.

Гуфта мешавад, риоя нагардидани меъёрҳои санитарӣ ва дастурҳои ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза бо коронавирус дар ошхонаи “Шифо” воқеъ дар кӯчаи Назаршоев дар ноҳияи Шоҳмансур ошкор шудааст. Маълум шудааст, ки ин ҷо зимни воридшавии мизоҷон ба ошхона ҳарорати онҳо санҷида намешавад, кормандони муассиса бе дастпӯшаку ниқоб кор мекунанд.

Ҳамчунин кормандони милитсияи пойтахт мушоҳида кардаанд, ки дар аксари муассисаҳои хӯроки умумии шаҳр воситаҳои антисептикӣ ҳастанд, лекин истифода бурда намешаванд.

Чунин қонуншиканиҳо дар қаҳвахонаву тарабхонаҳои “Мерве”, “Шифо”, “Яхмос”, “Тахтача”, “Фарел Хаус”, “Озода” ва Сафо” ба қайд гирифта шудааст.

Ёдрас мекунем, ки бар асари пандемияи коронавирус фаъолияти ҳамаи бозорҳои либосфурӯшии пойтахт то охири моҳи май қатъ шуда, инчунин кошонаҳои ҳусну сартарошхонаҳо, мағозаҳои фурӯши телефонҳои мобилӣ ва нуқтаҳои шустани автомашинаҳо низ бастаанд.

Қобили зикр аст, ки доир ба баста шудани нуқтаҳои хӯроки умумии пойтахт расман дастуре содир нашудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.