Дар Хуҷанд маъракаи густурдаи безараргардонӣ гузаронида шуд

Дар кӯчаву хиёбон, мавзеъҳои истироҳатӣ, маҳаллаву тангкӯчаҳои шаҳри Хуҷанд маъракаи густурдаи безараргардонӣ бо ҷалби беш аз 20 адад техникаю зиёда аз 70 тонна маводи тамизкорӣ ташкил ва гузаронида шуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, ин иқдом бо ташаббуси мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дар арафаи иди касбиашон сурат гирифт. Гуфта мешавад, […]

Asia-Plus

Дар кӯчаву хиёбон, мавзеъҳои истироҳатӣ, маҳаллаву тангкӯчаҳои шаҳри Хуҷанд маъракаи густурдаи безараргардонӣ бо ҷалби беш аз 20 адад техникаю зиёда аз 70 тонна маводи тамизкорӣ ташкил ва гузаронида шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, ин иқдом бо ташаббуси мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дар арафаи иди касбиашон сурат гирифт.

Гуфта мешавад, раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ва муовини раиси вилояти Суғд Рустам Каримзода дар маросими ифтитоҳи чорабинии безараргардонӣ иштирок намуда, Маъруф Муҳаммадзода кормандони ҳифзи муҳити зистро бо иди касбиашон табрику таҳният кард.

“Баъдан Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ва муовини Раиси вилояти Суғд Рустам Каримзода бо техникаҳои сафарбаршавандаи тамизгардонӣ аз наздик шинос шуданд”, – омадааст дар хабар.

Сипас, зиёда аз 20 адад техникаю таҷҳизот бо фарогирии беш аз 70 тонна маводи тамизкорӣ барои безараргардонии кӯчаву хиёбон, тангкӯчаҳо, мавзеъҳои истироҳатӣ, истгоҳҳо, маҳаллаву микроноҳияҳо сафарбар карда шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.