Кумаки Иттиҳоди Аврупо ба ба зарардидагони обхезиҳо дар Тоҷикистон

Дар робита ба обхезиҳои пайдарпай, ки дар нимаи моҳи майи ҳамин сол ба минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон хисорот ворид намуданд, Иттиҳоди Аврупо маблағи 80 ҳазор евро (беш аз 920 ҳазор сомонӣ) ҷиҳати дастгирии ҷамоатҳои бештар осебдида кӯмаки башардӯстона ҷудо намуд. Кӯмак бевосита ба 1 ҳазору 700 шахсони бештар осебдида дар ноҳияҳои аз ҳама зарардидаи Бохтар ва […]

Иттилоияи расмӣ

Дар робита ба обхезиҳои пайдарпай, ки дар нимаи моҳи майи ҳамин сол ба минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон хисорот ворид намуданд, Иттиҳоди Аврупо маблағи 80 ҳазор евро (беш аз 920 ҳазор сомонӣ) ҷиҳати дастгирии ҷамоатҳои бештар осебдида кӯмаки башардӯстона ҷудо намуд.

Кӯмак бевосита ба 1 ҳазору 700 шахсони бештар осебдида дар ноҳияҳои аз ҳама зарардидаи Бохтар ва Хуросони вилояти Хатлон расонида мешавад.

Маблағгузории мазкур тавассути Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) барои расондани кӯмаки фаврӣ ба аҳолӣ бо дастрас намудани ашёҳои таомпазӣ ва  асбобҳои маишӣ аз ҷумла, ашёи омода намудани хӯрок, кӯрпача, камбал, рахти хоб, сатил ва тентҳои пластикӣ равона хоҳад шуд.

Ғайр аз ин, ба оилаҳое, ки хонаҳои онҳо пурра хароб шудаанд ё зиёни ҷиддӣ дидаанд, кӯмакпулии бебозгашт пардохт мешавад, ки он имкон медиҳад, ки онҳо талаботҳои аз ҳама зарурии худро қонеъ намоянд. 

Азбаски обхезиҳо дар бисёр маврид боиси бемориҳои гуногун мегарданд, ки тавассути об мегузаранд, миёни аҳолии осебдида корҳои фаҳмондадиҳӣ оиди риояи гигиенаи аввалия гузаронида шуда, маводҳои ахборотӣ паҳн карда мешаванд, ва инчунин лавозимоти гигиенӣ барои таъмини бехатарии санитарӣ дар давоми корҳои барқароркунӣ дастрас карда мешавад.

Ин маблағгузорӣ як қисми саҳми умумии Иттиҳоди Аврупо ба "Фонди ҳолатҳои фавқуллода" (DREF) мебошад, ки аз ҷониби Федератсияи Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (ФБСС) идора карда мешавад.

Дар рӯзҳои 14-16 май боронҳои пайдарпай боиси силсилаи обхезиҳо дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон шуданд, ки ба беш аз 2600 нафар зиён расонда ва тақрибан 1000 хонаро хароб намуд, ки бештари онҳо пурра хароб шуданд. Дар натиҷаи обхезиҳо ҷамоатҳои осебдида инчунин захираи хӯрокворӣ, амвол ва чорвои худро талаф кардаанд.

Заминҳои кишт, ки манбаи асосии рӯзгордорӣ дар ин минтақаҳои асосан кишоварзӣ мебошанд, ба таври ҷиддӣ зарар диданд. Қисмати ҷанубу ғарби вилояти Хатлон аз осебдидатарин заминҳо ҳисоб мешаванд.

Замина – кӯмаки башардӯстонаи Иттиҳоди Аврупо

Иттиҳоди Аврупо якҷоя бо давлатҳои аъзояш донори бузургтарини дунё дар ҷодаи кӯмаки башардӯстона ба шумор меравад. Кӯмаки ИА ин як изҳори муттафиқии Аврупо бо мардуми ниёзманд дар саросари ҷаҳон аст. Ҳадафи кӯмаки ИА ин наҷот додани ҳаёт, пешгирӣ ва таскини дарду азоби инсон, таъмини бехатарӣ ва ҳифзи нангу номуси мардуме, ки аз офатҳои табиӣ ва ё бӯҳронҳои одамсохт зарар диданд.

Ҳар сол Комиссияи Аврупо тавассути Раёсати кӯмакҳои башардӯстона ва ҳифзи шаҳрвандӣ ("ECHO") ба беш аз 120 миллион қурбониёни офатҳои табиӣ ва ҷангҳо кӯмак мерасонад. Барои маълумоти иловагӣ метавонед аз сомонаи ECHO  боздид намоед.

Байни Комиссияи Аврупо ва ФБСС созишномаи саҳм ба имзо расид, ки тибқи он ба фонди ҳолатҳои фавқулодаи ФБСС 3 миллион евро гузаронида мешавад.  Маблағи фонди мазкур асосан барои рафъи оқибатҳои офатҳои "хурд" истифода бурда мешавад. Одатан ингуна офатҳои хурд муроҷиати расмии ҳукуматҳоро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ  наметалабад.

Фонди ҳолатҳои фавқулода соли 1985 таъсис ёфта, аз ҳисоби маблағҳои донорҳо пур мегардад. Ҳар боре, ки барои вокуниш ба офати табиӣ ягон Ҷамъияти миллии Салиби Сурх ва ё Ҳилоли Аҳмар ба таври таъҷилӣ маблағ гирифтанӣ шавад, он метавонад маблағҳои заруриро аз фонди мазкур дархост намояд.

 Ҷиҳати рафъи оқибатҳои офатҳои хурд, ФБСС аз фонди мазкур маблағи заруриро ҷудо мекунад ва баъдан донорҳо ин фондро боз пур мекунанд. Созишномаи саҳме, ки байни ФБСС ва "ECHO" ба имзо расидааст, ба "ECHO" имкон медиҳад, ки фонди ҳолатҳои фавқулодаро умуман то 3 миллион евро пур карда, ба ҳамоҳангии кӯмакрасониҳо мусоидат намояд (ин ба оинномаи ин созмон оиди кӯмакрасонии башардӯстона мувофиқ аст).

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.

Муштзанони тоҷик дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ширкат мекунанд

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати дастаро, ки аз 4 варзишгар иборат аст, эълон кард.