Дар Русия пойгоҳи ягонаи маълумот дар бораи муҳоҷирон таъсис меёбад

Дар Русия пойгоҳи иттилоотие таъсис медиҳанд, ки маълумот дар бораи шаҳрвандони хориҷии ба кишвар омадаро дар бар хоҳад гирифт. Ин дар Нақшаи чорабиниҳо оид ба дар солҳои 2020-2022 татбиқ кардани Консепсияи сиёсати давлатии муҳоҷирати Русия барои солҳои 2019-2025, ки ҳукумати Русия 30 май тасдиқ кард, пешбинӣ шудааст. Дар ин хусус дар сомонаи Вазорати корҳои дохилии […]

Asia-Plus

Дар Русия пойгоҳи иттилоотие таъсис медиҳанд, ки маълумот дар бораи шаҳрвандони хориҷии ба кишвар омадаро дар бар хоҳад гирифт.

Ин дар Нақшаи чорабиниҳо оид ба дар солҳои 2020-2022 татбиқ кардани Консепсияи сиёсати давлатии муҳоҷирати Русия барои солҳои 2019-2025, ки ҳукумати Русия 30 май тасдиқ кард, пешбинӣ шудааст.

Дар ин хусус дар сомонаи Вазорати корҳои дохилии Русия, ки онро таҳия намуд, хабар дода мешавад.

Дар маълумот зикр мешавад, ки пойгоҳи ягона барои хориҷиён пешниҳоди хизматгузориҳо, иртибот байни шаҳрвандону ташкилот ва мақомоти давлатӣ дар шакли электрониро таъмин карда, инчунин ба ҷорӣ сохтани сервисҳои шахсии иттилоотӣ (ҳуҷраи шахсӣ, ирсоли огоҳиномаҳо дар замимаи мобилӣ) имкон медиҳад.

“Дар ҷараёни иҷрои нақша такмили ниҳодҳои иқомати доимӣ ва шаҳрвандии Русия, ташкили реҷаи нави ҳуқуқӣ барои ҳузури дарозмуҳлати шарвандони хориҷӣ дар Русия, таъмини амният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар бахши муҳоҷират, инчунин таъмини низоми давлатии идоракунӣ дар соҳаи муҳоҷират бо маълумоти маҷмӯи дар назар аст”, – қайд мешавад дар хабар.

Гуфта мешавад, ғайр аз ин, ташкили низоми давлатии тарҳрезӣ ва идоракунии ҷараёни муҳоҷират пешбинӣ гардидааст, ки барои ҳалли масоили рушди мутавозини Русия, пешгӯйии талаботи иҷтимоиву иқтисодӣ ва сармоягузории субъектҳои кишвар, баҳисобгирӣ ва бозтақсими имконоти кадрӣ аз рӯи бахшҳои иқтисод ва корхонаҳо таъин шудааст.

Коршиносон қаблан ба ВКД баррасии имкони таъсиси замимаи мобилиро пешниҳод карда буданд, ки ба насби он ҳамаи муҳоҷирони ба Русия омада уҳдадор мешаванд.

Охири моҳи май дар ВАО доир ба эҳтимоли дар Русия эълон шудани авфи ҳуқуқӣ барои муҳоҷирон низ маълумот ба нашр расид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.