Тоҷикистон худододӣ ва сазовори эҳтирому талошҳои муҳофизати зебоияш аст

Ҳифзи саломатӣ дар шабу рӯзи мубориза бо пандемияи КОВИD–19 ба як масъалаи асосӣ табдил шудааст. Саволе, ки ба миён меояд ин аст, ки сабабҳои пайдошавии ин вабо кадомҳоянд ва муҳимтар аз ин мо чӣ корҳоеро дар якҷоягӣ ҷиҳати ҷилавгирӣ аз чунин пандемияҳо дар оянда метавонем анҷом диҳем? Яке аз ҷавобҳо ин метавонад бошад, ки муҳити […]

Иттилоияи расмӣ

Ҳифзи саломатӣ дар шабу рӯзи мубориза бо пандемияи КОВИD19 ба як масъалаи асосӣ табдил шудааст. Саволе, ки ба миён меояд ин аст, ки сабабҳои пайдошавии ин вабо кадомҳоянд ва муҳимтар аз ин мо чӣ корҳоеро дар якҷоягӣ ҷиҳати ҷилавгирӣ аз чунин пандемияҳо дар оянда метавонем анҷом диҳем? Яке аз ҷавобҳо ин метавонад бошад, ки муҳити зист ва захираҳои табииамонро беҳтар ҳифз кунем, вале оё ин кор воқеан ҳам метавонад аз паҳншавӣ ва интишори бемориҳое мисли КОВИД-19, ҷилавгирӣ кунад?

Имрӯз, 5-уми июн дунё Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи муҳити зистро таҷлил мекунад. Асосан ба ин ҷашн соли 1972 тавассути Созмони Миллали Муттаҳид дар Конфронси Стокҳолм оид ба Муҳити Зист асос гузошта шуд. Ҳар сол ин рӯз бо тадбирҳои гуногун дар сар то сари гетӣ ҷиҳати баррассии чолишҳои муҳити зистӣ ва ҷиҳати ёдовар намудани мо, ки дунё як ва ягона хонаи муштараки мост, ки ниёз ба нигоҳубину ҳифз кардан дорад, гиромӣ дошта мешавад.

Тоҷикистон манзараҳои худододӣ дорад, гуногунии беҳамтои набототу ҳайвонот ва захираҳои фаровони обӣ. Ин захираҳои табиӣ асоси зиндагии моро ташкил медиҳанд, барои иқтисод даромад меоранд ва дар беҳбуди саломатии тамоми аҳолӣ саҳм мегузоранд. Аммо тағйири боду ҳаво ва гармшавии иқлим бар иловаи истифодаи рӯ ба афзоиши захираҳои табиӣ асосҳои зиндагии моро, тавсеаи иқтисодӣ ва саломатии аҳолиро таҳдид мекунанд. Дамои солона меафзояд ва моделҳои боронгарӣ иваз мешаванд, натиҷааш аз як тараф лой ва лағжиши бештари замин ва аз тарафи дигар камбуди об мешавад. Обшавии пиряхҳо низоми муҳими захираҳои обро дар минтақа кам намуда, мавҷҳои гармӣ муҳити зистро заифтар мекунанд ва зарбаҳои асоси табиӣ ва иқтисодидоштаро ба бор меоранд. Таъсирҳои манфии тағйирёбии иқлим сабабгори рискҳо ба иқтисоди кишвар, саломатии аҳолӣ ва ҳолати муҳити зист мешаванд.

Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир ҷиҳати бартараф кардани паҳншавии КОВИД -19, ки  оқибатҳои бад барои ҳама самтҳои ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дорад, тадбирҳои васеъеро рӯйи даст гирифтааст. Маблағҳои ҳангуфт ҷиҳати дастгирии иқтисоди миллӣ ҷудокарда пешбинӣ шудаанд. Ҳамзамон бо ин, вирус таъсирҳояшро бар муҳити зист хоҳад гузошт. Мошинҳо, ҳавопаймоҳо ва корхонаҳо камтар ҳаворо олуда мекунанд. Аммо таъсири бозгардонанда баъди сипарӣ шудани бӯҳрон ҷиҳати ҷилавгирӣ аз афзоиши гармшавии иқлими сайёра бояд рӯйи даст гирифта шавад. Пандемияи КОВИД 19 зоҳиран таъсири манфӣ бар талошҳои рушди устувор дар Тоҷикистон хоҳад дошт. Заъфи давомдори иқтисодӣ дар ҷаҳон таъсири манфӣ дар татбиқи устувори нақшаҳои миллии кишвар ва уҳдадориҳои то соли 2030и Барномаи рушди устувор ва Созишномаи Париж оид ба тағйирёбиии иқлим хоҳад гузошт.

Далелҳои афзояндае вуҷуд дорад, ки паҳншавии КОВИД-19, бо монеаҳои азбайнраванда байни инсонҳо ва ҳайвонҳои хонагӣ ба сабаби тағйири зистгоҳҳои табиъӣ ва низоми муҳити зисти осебдида пайванд дода мешаванд. Вайронкунии афзоянда ва аз байн рафтани гуногунии биологӣ эҳтимолияти пандемияро, ҳамгом бо ҷаҳони ба ҳампайванду ҷаҳонишуда, ки паҳншавии вирусро имконпазир мекунад, афзоиш медиҳад. Ҳарду, таъсирҳои тағйири иқлим ва оқибатҳои пандемия барои Тоҷикистон чолишҳои зиёдеро, ки бояд ҳал шаванд, ба бор меоранд.

Дар баромади худ барои кормандони соҳаи тибби тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки: "Тавре ки мушоҳидаҳои солҳои охир нишон медиҳанд, тағйирёбии иқлими сайёра ва дар натиҷаи он ба вуҷуд омадани фалокатҳои гуногуни табиӣ ва техногенӣ, аз ҷумла обхезӣ, хушксолӣ, фаромадани ярч, обшавии босуръати пиряхҳо ва дигар ҳодисаҳои номатлуб боиси ба вуҷуд омадани бемориҳои гуногун шуда истодаанд. Эҳтимол меравад, ки яке аз сабабҳои пайдоиши бемории коронавирус низ ҳамин омилҳо ба шумор мераванд. Бинобар ин, эътибори ҷиддӣ додан ба масъалаҳои ҳифзи табиат ва нигоҳ доштани тозагии экологӣ вазифаи муҳимтарини тамоми инсоният, аз ҷумла мардуми мо мебошад".

Яке аз дарсҳои муҳими буҳрон барои ибрат ин аст: Табиат неруманд ва номаълум аст, ва мо онро шикаст надодаем, балки дар оғӯши он зиндагӣ мекунем, сарфи назар аз ин ки чӣ қадар ҳадафи идора карданашро дорем. Мо интихоби баргаштан ба ҷаҳонеро, ки қаблан мешинохтемро дорем ва ё шурӯъ ба ҳал намудани масъалаҳое намоем, ки ҳамаи моро осебпазир дар ин ва буҳронҳои оянда мекунанд. Ҳар кореро мо дар ҳангом ё баъди беҳбуди вазъият анҷом медиҳем, бояд бо тамаркузи қавӣ бар тақвияти тобоварии иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва муҳитизистӣ бошад. Ин моро дар муомила ва созгорӣ бо бемориҳои ҳамагир, тағйироти иқлим, ва таъсироти манфии аз даст додани гуногунии биологӣ, кӯмак мекунад.

Ин аз мо, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунем вобаста аст, ки муҳисти зисти худро муҳофизат кунем  як ва ягона хонаи муштарак ва манбаъи ҳаётамонро. Имрӯз рӯзи истиқбол гирифтан ва лаззат бурдан аз табиат бештар аз пештар аст. Мо кишвари худододӣ дорем, ки сазовори эҳтироми мо ва сазовори талошҳои муҳофизати зебоияш аст.

Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Тоҷикистон ва Deutsche Gesellschaft für Internationale Zusammenarbeit (GIZ) GmbH (Агентии Олмон оид ба ҳамкориҳои  байналмилалӣ дар Тоҷикистон) ба шумо дар Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи муҳити зисти хуш таманно дорад!

Deutsche Gesellschaft für Internationale Zusammenarbeit (GIZ) GmbH (Агентии Олмон оид ба ҳамкориҳои  байналмилалӣ дар Тоҷикистон) ба намояндагӣ аз Вазорати федералии муҳити зист, Амнияти ҳастаӣ ва ҳифзи табиат (АҲҲИТ), мудирияти устувори захираҳои табиӣ, созгорӣ бо тағйироти иқлим ва ҳифзи гуногунии биологӣ дар ҳамкории зич бо шарикони миллӣ ва маҳаллӣ дар Тоҷикистонро таҳким мебахшад. Тавассути чандин лоиҳа, талошҳои муштаракро ҷиҳати ҳифзи муҳити зисти ягона ва арзишманд, беҳбуди сатҳи зиндагии ҷамоатҳои деҳот ва тақвияти беҳбудии иҷтимоӣ ва физикии онҳо равона кардааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.

Муштзанони тоҷик дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ширкат мекунанд

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати дастаро, ки аз 4 варзишгар иборат аст, эълон кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 68

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.