Савгандёдкунии наваскарони КҲФ дар вилояти Суғд

Дар қисми ҳарбии 45025-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон дар қаламрави ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд маросими тантанавии савгандёдкунии наваскарони баҳори ҳамин сол ба хизмати ҳарбӣ даъватшуда доир гардид. Дар ин маросим ҳайати шахсӣ ва сарбозону афсарони қисми низомӣ иштирок карданд. Бинобар вазъи марбут ба коронавирус волидон ба чорабинӣ даъват нашуданд. […]

Мавлуда Рофиева, Asia-Plus

Дар қисми ҳарбии 45025-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон дар қаламрави ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд маросими тантанавии савгандёдкунии наваскарони баҳори ҳамин сол ба хизмати ҳарбӣ даъватшуда доир гардид.

Дар ин маросим ҳайати шахсӣ ва сарбозону афсарони қисми низомӣ иштирок карданд. Бинобар вазъи марбут ба коронавирус волидон ба чорабинӣ даъват нашуданд.

Наваскаронро бо суханронии шодбошӣ сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Суғд полковник Баҳром Додиёни табрику онҳоро чунин ҳидоят намуд:

“Имрӯз шумо савганд ёд карда, сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мешавед. Хизмати ҳарбӣ қарзи муқаддаси ҳар як шаҳрванди вафодори ватан мебошад”.

Чорабинии мазкур бо гузашти низомӣ ва консерт хотима ёфт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.