Доир ба маълумоти омори коронавирус дар Тоҷикистон чиро медонему чиро не?

Тимур Тимерханов, Asia-Plus

Доир ба вазъ дар Тоҷикистон мо хеле кам медонем. Омори рӯзмарра бозгӯи он аст, ки то шоми 15 июн дар кишвар 5 ҳазору 97 нафар бемор шуда, 3 ҳазору 503 нафарашон шифо ёфтаанд ва 50 кас фавтидаанд.

Вазири тандурустӣ Абдуллозода изҳор дошт, ки авҷи бемории коронавирус ҳанӯз дар нимааш вуҷуд дошт. Дар ҳамин ҳол, намоянаи СҶТ дар Тоҷикистон Бахтигул Карриева мутмаин аст, ки авҷи пандемия ҳоло паси сар нашудааст. Раиси СҶТ Тедрос Гебрейесус дар бораи бад шудани вазъи марбут ба коронавирус дар ҷаҳон изҳори назар кард.

Чунин аст маълумоти оморӣ оид ба беморӣ ва фавт дар ҷумҳурӣ дар сомонаи covid.tj.

Чиро намедонем

Тақсимот оид ба минтақаҳо

Дар маълумоти омории Вазорати тандурустӣ тақсимот оид ба минтақаҳо дода намешавад, ки дар арзёбии вазъ мушкил эҷод мекунад. Инчунин дар эътимоднокии маълумоти омории расмӣ шубҳа пайдо мешавад.

Масалан, ба гуфтаи раиси ВМКБ Ёдгор Файзов, дар давраи пандемия дар он ҷо аз коронавирус 22 нафар фавтидаанд. Агар маълумоти омории фавтро, ки дар ин рӯз (9 июн) 48 нафар нишон дода шуда буд, ба инобат гирем, пас замони изҳорот (9 июн) ин қариб ба нисфи ҳамаи фавтҳо баробар буд.

Маълумот дар бораи фавтидагон

Дар бораи кӣ будани ин 50 нафар маълумот дастрас нест. Дар дигар кишварҳо ҷойи иқомат, ҷинс, синнусол ва баъзан ҳатто бемориҳои музмин (ҳамроҳ)-и шахси фавтида зикр мешавад. Ғайр аз ин, метавон рӯйхат бо маълумоти муфассал бо ному насабро дархост намуд. Чунин рӯйхат бо ному насаби 100 ҳазор фавтидагонро чанде пеш New York Times нашр кард.

Тақсимоти кумаки башардӯстона

Доир ба дастрас намудан ва тақисмоти кумаки башардӯстона маълумоти муфассал дода намешавад. Дарёфти он дар манбаъҳои кушод ғайриимкон аст. Вазорати тандурустӣ чанде пеш чунин маълумотро пешниҳод кард, лекин он аввалан кӯҳна ва баъдан пурра нест. Дар дигар давлатҳо мааълумот дар бораи дастрасӣ ва тақсимоти ёрии башардӯстонаро метавон дар платформаҳои махсус тариқи онлайн пайгирӣ кард.

Саволҳои кушод

Аввалин дар ҷаҳон оид ба табибони сироятёфта

Рӯзи 9 июн гурӯҳи кишварии СММ дар Тоҷикистон изҳор дошт, ки аз оғози хуруҷи эпидемия беш аз 1700 кормандони тиббӣ дар ҷумҳурӣ аз COVID-19 сироят ёфтаанд.

“Шумори кормандони тиббии сироятёфта то 8 июн 36% аз теъдоди умумии беморонро дар кишвар ташкил медиҳад, аз ҷумла 619 нафар табибон ва 548 нафар ҳамшираҳои шафқат”, – қайд шуд дар гузориш.

Агар ба маълумоти омории расмӣ ва рақамҳои зикршуда бовар кунем, пас аз лиҳози ҳиссаи кормандони тиббии сироятёфта Тоҷикистон байни кишварҳои пешсаф қарор дорад. Шояд дар зинаи аввал дар ҷаҳон.

Маълумоти омории пурра дар ҷаҳон вуҷуд надорад, лекин Шӯрои байнулмилалии ҳамшираҳои шафқат (ICN) бо интиқод аз ҳукумати Тоҷикистон барои ҳимояи нокофӣ аз кормандони тиббӣ, дар бораи 30 давлат маълумоти оморӣ пешкаш намуд, ки мувофиқи он, ҳиссаи ҳолатҳои тасдиқшуда миёни кормнадони тиббӣ ҳудуди 6% аз шумори умумӣ бо тағйироти ҷузъии аз 0% то 18% дар кишварҳоро ташкил медиҳад.

Чаро муддати тӯлонӣ шифоёфтагон набуданд?

То 20 май доир ба шифоёфтагон маълумот мавҷуд набуд. Сабабҳояш то ҳол маълум нест: шояд ҳисобу китоб намекарданд ё ба беморони аввал 20 рӯз лозим шуд, то ки бемориро паси сар кунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...