Гузориши СММ: “Сироятёбии беш аз 1700 табиби Тоҷикистон аз коронавирус”

Дар Гузориши дастаи кишварии СММ дар ҷумҳурӣ гуфта мешавад, аз оғози эпидемия беш аз 1700 нафар табибон дар Тоҷикистон аз COVID-19 сироят ёфтаанд. Маълумот дар санади «COVID-19: Гузориш дар бораи вазъ дар Тоҷикистон” №10” аз 9 июни соли 2020 бо истинод ба маълумоти Вазорати тандурустии кишвар оварда шудааст. “Шумори кормандони тиббии сироятёфта то 8 июн […]

Дар Гузориши дастаи кишварии СММ дар ҷумҳурӣ гуфта мешавад, аз оғози эпидемия беш аз 1700 нафар табибон дар Тоҷикистон аз COVID-19 сироят ёфтаанд.

Маълумот дар санади «COVID-19: Гузориш дар бораи вазъ дар Тоҷикистон” №10” аз 9 июни соли 2020 бо истинод ба маълумоти Вазорати тандурустии кишвар оварда шудааст.

“Шумори кормандони тиббии сироятёфта то 8 июн 36% аз теъдоди умумии беморонро дар кишвар ташкил медиҳад, аз ҷумла 619 нафар табибон ва 548 нафар ҳамшираҳои шафқат (дар гузориш ҳамагӣ доир ба 1701 нафар корманди тиббӣ сухан меравад”, – қайд мешавад дар гузориш.

Сабаби асосии сироятёбӣ камбуди воситаҳои муҳофизати инфиродӣ барои табибон, бахусус дар давраи оғози хуруҷ номида шудааст.

Дар ҳисобот гуфта мешавад, имрӯз иқтидори ташхиси тестгузаронӣ дар кишвар ба наздики 450-500 намуна дар як рӯз баробар аст, ки дар шаш озмоишгоҳ дар Душанбе (бо шумули як озмоишгоҳи хусусӣ), Бохтар, Хуҷанд ва Кӯлоб гузаронида мешаванд.

“Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ хабар медиҳад, ки дар саросари кишвар барои ба карантин гирифтан ва муолиҷаи беморони COVID-19 (ҳолатҳои тасдиқшуда) ҳамагӣ 81 беморхона бо 9 ҳазору 006 кати хоб ҷудо шуданд”, – қайд мешавад дар он.

Ҳамчунин дар санад доир ба ташрифи табибони лаҳистонӣ (полшагӣ) ба Тоҷикистон, маҷбур кардан ба ниқобпӯшӣ бо роҳи ҷарима ҷорӣ кардан, инчунин дастрас будани маҳсулоти асосии хӯрокворӣ дар кишвар ва дар муддати як ҳафтаи ҳисоботӣ дар аксари бозорҳои зери мушоҳида ҳеҷ гуна тағйироти ҷиддӣ рух надодан сухан меравад.

Дар он инчунин зикр мегардад, ки ояндаи наздик дар чаҳорчӯби кумаки Шабакаи ҷаҳонии огоҳӣ дар бораи хуруҷи бемориҳо ва амали ҷавобӣ (GOARN) дар Тоҷикистон ташкили гурӯҳҳои зудамал (сайёр)-и кумаки таъҷилии тиббӣ ва озмоишгоҳҳои сайёри вокуниши зудамал аз Русия ва Британияи Кабир дар назар аст.

Қобили зикр аст, ки мувофиқи маълумоти ғайрирасмӣ, ки дар сомонаи kvtj.info оварда мешавад, шумори фавтидагон аз COVID-19 дар Тоҷикистон 429 нафарро ташкил медиҳад, ки 61 нафари онҳо кормандони тиббӣ мебошанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.