Истеъфои сарвазири Қирғизистон дар робита ба оғози тафтиши фурӯши радиобасомадҳо

Муҳаммадқулӣ Абилғозиев, сарвазири Қирғизистон ба истъфо рафт. Дар ин бора дар сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба маркази матбуотии ҳукумати Қирғизистон хабар дода мешавад. Дар муроҷиаташ вай гуфтааст, ба далели вазъи номуайяни пешомада дар робита ба шурӯи тафтиши фурӯши радиобасомадҳо истеъфо медиҳад ва намехоҳад, ин тафтишот монеи фаъолияти комили ҳукумат шавад. Абилғозиев ҳамзамон […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Муҳаммадқулӣ Абилғозиев, сарвазири Қирғизистон ба истъфо рафт. Дар ин бора дар сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба маркази матбуотии ҳукумати Қирғизистон хабар дода мешавад.

Дар муроҷиаташ вай гуфтааст, ба далели вазъи номуайяни пешомада дар робита ба шурӯи тафтиши фурӯши радиобасомадҳо истеъфо медиҳад ва намехоҳад, ин тафтишот монеи фаъолияти комили ҳукумат шавад.

Абилғозиев ҳамзамон илова кардааст, ки дар фурӯши басомадҳои радиоӣ нақше надорад ва айбҳое, ки нисбаташ садо медиҳанд, беасосанд. Абилғозиев гуфтааст, мақомоти тафтишотӣ то кунун ӯро бозпурсӣ накардаанд.

Сарвазири Қирғизистон рӯзи 27 май дар пайи ҷанҷоли фурӯши радиобасомадҳо бо арзиши ночиз ба рухсатии кӯтоҳмуддат баромад. Вай гуфт, ҳадаф аз ин рухсат "роҳ надодан ба овозаҳое дар бораи фишор овардани сарвазир ба ҷараёни тафтишот ва таъмини шаффофияти тафтишот аст". Айни ҳол ноиб-сарвазири Қирғизистон Қубодбек Боронов фаъолияти ҳукумати Қирғизистонро пеш мебарад.

Муҳаммадқулӣ Абилғозиев 20 апрели соли 2018 сарвазир таъйин шуда буд. Таҳти роҳбарии вай 30-умин ҳукумати Қирғизистон ба фаъолият шурӯъ кард. Вакилони порлумони Қирғизистон чанде пеш, ки ҳисоботи соли 2019-и ҳукуматро баррасӣ мекарданд, гуфтанд, Абилғозиев аз шумори маҳдуди сарвазироне аст, ки умри ҳукуматаш бештар аз ду сол давом овардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.