Ифтитоҳи эстакадаи Қарияи Боло боз мавқуф гузошта шуд

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Маросими ифтитоҳи эстакадаи дуюми сесатҳа дар буриши кӯчаҳои Исмоили Сомонӣ ва Абӯалӣ ибни Синои шаҳри Душанбе дар маҳаллаи Қарияи Боло, ки пагоҳ, 25 июн пешбинӣ гардида буд, ба муҳлати номуайян мавқуф гузошта шуд.

Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати кишвар хабар дод.

Бино ба маълумоти манбаъ, Комиссияи давлатии қабули корҳо дар сохтмони иншоот камбуду норасоиҳоро ошкор кардааст, аз ҷумла дар бунёди пиёдагардҳо дар гирду атрофи иншоот ва гузоштани новаҳо (лоток) дар қад-қади роҳ.

Қаблан зикр гардида буд, ки эстакада рӯзи 25 июн бо иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода мешавад.

Корҳои таъмиру сохтмони эстакадаи мазкур моҳи феврали соли 2018 оғоз гардида, бояд баҳори соли 2020 ба итмом мерасид.

Қобили зикр аст, ки эсткадаи сесатҳа дар доираи амалисозии лоиҳаи “Беҳтар кардани ҳолати роҳи минтақавии Душанбе – Турсунзода, қитъаи роҳ аз муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе” бунёд шуд.

Амалисозии лоиҳаи ба ин монанди сохтмони эсткада тобиистони соли гузашта дар маҳаллаи 82-юми пойтахт ба анҷом расид. Аммо дар он ҷо ҳам алҳол корҳо пурра ба анҷом нарасида буданд: ҳаракат тариқи ин роҳ аз самти микрорайони 84-ум ба самти микрорайони 112-ум боз буда, қисмати ғарбии роҳ, аз микроайони 82-юм то дарвозаҳои ғарбӣ баста  боқӣ монда буд ва дар он ҷо корҳои сохтмон ҷараён доштанд.

Ёдрас мекунем, ки дар доираи татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе то соли 2030 дар пойтахти Тоҷикистон наздики 20 эстакадаи нав сохта мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...