То 20 соли зиндон. Суди Душанбе аъзои гурӯҳи фаромиллии нашъаҷаллобро маҳкум кард

Аваз Юлдошев

Роҳбари гурӯҳи муташаккили ҷиноятпешаи фаромиллӣ Муқим Қурбонов ва ду тан аз ҳаммаслакони ӯ Рӯҳангез Назиров ва Ҳикматулло Боронов бо қарори суди шаҳри Душанбе ҳар кадоме ба 20 соли зиндон маҳкум шуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, чор нафар аъзои дигари гурӯҳ – Сироҷ Назиров, Шамсиддин Салимдодов, Зоир Латипов  ва Диловаршо  Қаландаров ба муҳлатҳои аз 15 то 17 сол аз озодӣ маҳрум карда шуданд.

Ҳамаи маҳкумшудагон муҳлати ҷазоро дар муассисаи ислоҳии низомаш сахт адо мекунанд.

Ғайр аз ин, молу мулки маҳкумшудагон, аз қабили манзили истиқоматии 2-ошёна, лимӯхона, маркази савдо, манзили истиқоматӣ воқеъ дар шаҳри Норак ва 7 адад автомашинаҳои гаронарзиши хориҷӣ ба фоидаи давлат мусодира гардиданд.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи апрел ҳангоми дастгир кардан аз онҳо 70 кило маводи нашъаоовар дарёфт гардида буд.

Дар натиҷаи баргузории чорабиниҳои фаврӣ аз ҷониби кормандони милитсия 7 нафар аъзои гурӯҳ ба ҳабс гирифта шуданд.

Миёни боздоштшудагон роҳбари гурӯҳ сокини 44-солаи шаҳри Норак Муқим Қурбонов ниҳ ҳузур дошт, ки бо тахаллусҳои «Муқимча» ва «Бачаи кампир» низ маъруф аст.

Он замон зимни кофтукови шахсии ӯ 13,5 кило маводи мухаддири ҳашиш, 220 грамм афюн ва инчунин ҳабҳои психотропии экстази дарёфт шуда буданд.

Раёсати ВКД иттилоъ медиҳад, ки Муқим Қурбонов барои даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар қаблан ду маротиба дар Русия маҳкум шудааст. Зикр мегардад, ки Қурбонов 3 зан ва 11 фарзанд дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...