Тоҷикистон бо 8 парвоз шаҳрвандонашро аз Русия ба ватан меорад. Ҷадвали парвозҳо

Тоҷикистон шурӯъ аз дирӯз, 25-уми июн ба овардани шаҳрвандонаш аз шаҳрҳои Русия ба ватан оғоз кард. Ширкатҳои тоҷикистонӣ аз шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Қазон, Новосибирск ва Екатеринбург ҳамагӣ 8 парвоз анҷом медиҳанд. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, парвозҳои чартерӣ тибқи ҷадвали зерин, ки бо мақомоти дахлдори Русия ҳамоҳанг шудаанд, сурат мепазиранд: * 25 июн бо хатсайри Душанбе – […]

Тоҷикистон шурӯъ аз дирӯз, 25-уми июн ба овардани шаҳрвандонаш аз шаҳрҳои Русия ба ватан оғоз кард. Ширкатҳои тоҷикистонӣ аз шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Қазон, Новосибирск ва Екатеринбург ҳамагӣ 8 парвоз анҷом медиҳанд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, парвозҳои чартерӣ тибқи ҷадвали зерин, ки бо мақомоти дахлдори Русия ҳамоҳанг шудаанд, сурат мепазиранд:

* 25 июн бо хатсайри Душанбе – Москва – Душанбе, ширкати “Тоҷик Эйр”;

* 26 июн бо хатсайри Душанбе – Қазон – Душанбе, ширкати “Тоҷик Эйр”;

* 30 июн бо хатсайри Душанбе – Новосибирск – Душанбе, ширкати “Сомон Эйр”;

* 1 июл бо хатсайри Душанбе – Москва – Душанбе, ширкати “Сомон Эйр”;

* 6 июл бо хатсайри Душанбе – Санкт-Петербург – Душанбе, ширкати “Сомон Эйр”;

* 7 июл бо хатсайри Душанбе – Екатеринбург – Душанбе, ширкати “Тоҷик Эйр”;

* 13 июл бо хатсайри Душанбе – Москва – Душанбе, ширкати “Тоҷик Эйр”;

* 14 июл бо хатсайри Душанбе – Москва – Душанбе, ширкати “Сомон Эйр”.

Дар раванди анҷом додани чунин парвозҳо авлавият ба табақаҳои осебпазир, пеш аз ҳама беморон, занону кӯдакони хурдсол, пиронсолон, донишҷӯён, инчунин шахсоне, ки ба сафари хидматӣ ба Русия рафта буданд, дода мешавад.

Ҳамзамон хабар дода мешавад, ки тибқи дастури Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории ҳамагири Ковид-19, масъалаи барқарор кардани парвозҳои доимӣ ба/аз Русия, Туркия ва Чин аз ҷониби мақомоти марбута мавриди баррасӣ қарор дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.