То 20 соли зиндон. Суди Душанбе аъзои гурӯҳи фаромиллии нашъаҷаллобро маҳкум кард

Роҳбари гурӯҳи муташаккили ҷиноятпешаи фаромиллӣ Муқим Қурбонов ва ду тан аз ҳаммаслакони ӯ Рӯҳангез Назиров ва Ҳикматулло Боронов бо қарори суди шаҳри Душанбе ҳар кадоме ба 20 соли зиндон маҳкум шуданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, чор нафар аъзои дигари гурӯҳ – Сироҷ Назиров, Шамсиддин Салимдодов, Зоир Латипов  ва Диловаршо  […]

Аваз Юлдошев

Роҳбари гурӯҳи муташаккили ҷиноятпешаи фаромиллӣ Муқим Қурбонов ва ду тан аз ҳаммаслакони ӯ Рӯҳангез Назиров ва Ҳикматулло Боронов бо қарори суди шаҳри Душанбе ҳар кадоме ба 20 соли зиндон маҳкум шуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, чор нафар аъзои дигари гурӯҳ – Сироҷ Назиров, Шамсиддин Салимдодов, Зоир Латипов  ва Диловаршо  Қаландаров ба муҳлатҳои аз 15 то 17 сол аз озодӣ маҳрум карда шуданд.

Ҳамаи маҳкумшудагон муҳлати ҷазоро дар муассисаи ислоҳии низомаш сахт адо мекунанд.

Ғайр аз ин, молу мулки маҳкумшудагон, аз қабили манзили истиқоматии 2-ошёна, лимӯхона, маркази савдо, манзили истиқоматӣ воқеъ дар шаҳри Норак ва 7 адад автомашинаҳои гаронарзиши хориҷӣ ба фоидаи давлат мусодира гардиданд.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи апрел ҳангоми дастгир кардан аз онҳо 70 кило маводи нашъаоовар дарёфт гардида буд.

Дар натиҷаи баргузории чорабиниҳои фаврӣ аз ҷониби кормандони милитсия 7 нафар аъзои гурӯҳ ба ҳабс гирифта шуданд.

Миёни боздоштшудагон роҳбари гурӯҳ сокини 44-солаи шаҳри Норак Муқим Қурбонов ниҳ ҳузур дошт, ки бо тахаллусҳои «Муқимча» ва «Бачаи кампир» низ маъруф аст.

Он замон зимни кофтукови шахсии ӯ 13,5 кило маводи мухаддири ҳашиш, 220 грамм афюн ва инчунин ҳабҳои психотропии экстази дарёфт шуда буданд.

Раёсати ВКД иттилоъ медиҳад, ки Муқим Қурбонов барои даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар қаблан ду маротиба дар Русия маҳкум шудааст. Зикр мегардад, ки Қурбонов 3 зан ва 11 фарзанд дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.