Дар Тоҷикистон Стратегияи ислоҳоти низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ қабул мешавад

Президенти Тоҷикистон, раиси ҳукумати ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон нимаи дуюми рӯзи 25-уми июн ҷаласаи ҳукуматро баргузор карда, дар он нақшаи кори ҳукумат барои нимсолаи дуюми соли 2020 баррасӣ шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ҷаласа оид ба ҷараёни иҷрои қарори ҳукумат «Дар бораи Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Тоҷикистон барои солҳои […]

Президенти Тоҷикистон, раиси ҳукумати ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон нимаи дуюми рӯзи 25-уми июн ҷаласаи ҳукуматро баргузор карда, дар он нақшаи кори ҳукумат барои нимсолаи дуюми соли 2020 баррасӣ шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ҷаласа оид ба ҷараёни иҷрои қарори ҳукумат «Дар бораи Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода ҳисобот дод.

Таъкид гардид, ки ҳадафи асосии Барнома зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда ва воридотивазкунанда, кам кардани вобастагии бозори истеъмолӣ аз воридоти маҳсулоти асосии ниёзи мардум, баланд бардоштани қобилияти рақобатнокии маҳсулот, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, инчунин бунёди фазои шарикӣ ва ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ, таъсиси марказҳои муосири логистикӣ, рушди долонҳои байналмилалии коммуникатсионӣ, нақлиётӣ ва иқтисодӣ мебошад.

Аъзои ҳукумат ҳамчунин Стратегияи ислоҳоти низоми иҷрои ҷазои ҷиноятии Тоҷикистон то соли 2030, Барномаи амнияти озуқавории Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024, Барномаи тавонбахшӣ ва ҳамгироии иҷтимоии ноболиғони дар муассисаҳои маҳрум сохтан аз озодӣ ё маҳдуд кардани озодӣ адои ҷазонамуда барои солҳои 2020-2024, Барномаи рушди соҳаҳои кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024 ва Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2020-2025-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ доир ба тақвияти омодагиҳо ба давраи тирамоҳу зимистон ва соли хониши 2020-2021, таъмини хонандагон бо сару либоси мактабӣ, таъмири муассисаҳои таълимӣ супоришҳо дода шуд.

Дар кори маҷлиси навбатии ҳукумат баъди муҳокима лоиҳаи як қатор қонунҳо, аз ҷумла «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ», «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии ҶТ», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози ҶТ» ва «Дар бораи таъмини амнияти биологӣ ва муҳофизати биологӣ» барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Доир ба вусъати тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, афзоиш додани ҳаҷми истеҳсолу содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатӣ, суръат бахшидани ҷамъоварии ҳосили ғалладона ва захира намудани маводи озуқа, мунтазам гузаронидани корҳои безараргардонӣ дар бинову иншооти давлатию ҷамъиятӣ, хизматрасонӣ ва истиқоматӣ вобаста ба пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва ҳалли саривақтии масъалаҳои вобаста ба муроҷиати шаҳрвандон низ дастурҳо дода шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.