Суғд: ҳалокати 64 кас аз оғози сол бар асари ҳолатҳои фавқулода

Date:

Тӯли 6 моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Суғд 260 ҳолати фавқулода ба қайд гирифта шуда, бар асари он 64 сокини вилоят ба ҳалокат расидаанд.

Тавре маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар ин бора зимни ҷаласаи ҷамъбасти фаъолият дар нимсолаи аввал сардори Раёсати Кумита дар вилояти Суғд полковник Баҳром Додиён хабар додааст.

Дар маълумоти маркази матбуоти Кумита дар бораи маҳз дар кадом ҳодисаҳои ҳолатҳои фавқлода ҳалок шудани одамон маълумот дода намешавад.

Дар ҳамин ҳол, зикр мегардад, ки зиёни иқтисодӣ аз ҳодисаҳои табиӣ ва ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти техногенӣ дар ин давра қариб 43 млн сомониро ташкил додааст. Соли 2019 ҳаҷми зарар аз офатҳо дар вилоят ба ҳудуди 13 млн сомонӣ баробар буд.

Қисми зиёди зиёни иқтисодӣ – беш аз 32 млн сомонӣ ба зарари расида аз боридани барф шаби 8 ба 9 апрели соли равон рост меояд.

Боз қариб 8,5 млн сомонӣ – ҳаҷми зарар аз боришоти селу пуршиддат аст, ки рӯзи 29 апрел дар ноҳияи Мастчоҳ ба амал омада буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...