Дастури сарвазир ҷиҳати ташкили ярмаркаҳои мактабӣ дар саросари кишвар

Date:

Айни замон дар мактабҳои миёнаи Тоҷикистон беш аз 2 млн нафар таҳсил мекунанд.

Ярмаркаҳои фурӯши сарулибоси мактабӣ ва асбобу лавозимоти хониш дар тамоми шаҳру навоҳии Тоҷикистон 1 август боз шуда, то 31 август кор мекунанд. Сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода дар ин хусус қарори дахлдор ба имзо расонид.

Тибқи маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ, корхонаҳои дӯзандагии кишвар талаботи ҷумҳуриро ба таъмин бо сарулибоси мактабӣ пурра қонеъ карда метавонанд.

Сарвазир ба Агентии “Тоҷикстандарт” дастур дод, ки санҷиши сифати сарулибоси мактабиеро, ки дар кишвар истеҳсол мешавад, ба роҳ монад.

Ташкили ҷойҳо барои ташкили ярмаркаҳо ба дӯши корхонаи “Тоҷикматлубот” вогузор шудааст. Ҷойҳо бояд бепул пешниҳод карда шаванд.

Бино ба маълумоти Вазорати маориф ва илм, айни замон дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон беш аз 2 млн нафар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...