Дарсҳо дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон 17 август оғоз мегарданд

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Машғулиятҳо дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон рӯзи 17 август оғоз мегарданд.

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода зимни нишасти матбуотӣ дар ин робита изҳор дошт, ки қарори мазкур дар мувофиқа бо Сиоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии паҳншавии COVID-19 қабул шудааст.

“Бар асари пандемияи коронавирус ҷадвали таҳсил каме қафо монд. Метавон гуфт, ки ин ду ҳафта як давраи мутобиқшавӣ хоҳад буд. Дар ду ҳафта мавзӯъҳои охири соли гузашта мавқуфмонда омӯхтаву такрор шуда, сипас соли нави хониш оғоз мегардад”, – гуфт вазир.

Ба гуфтаи ӯ, дар сурати зарурат агар вазъи вобаста ба пандемия дар кишвар шиддат гирад, хонандагон фосилавӣ, бештар тариқи телевизион таҳсил мекунанд.

“Вазорат ба барномаҳои таълимии телевизионӣ афзалият медиҳад, чунки на ҳама ба технологияҳои нав ва интернет дастрасӣ доранд. Дар ҳамдастӣ бо шарикон мо барномаҳои таълимӣ ҳам бо телевизиону ҳам тариқи интернет таҳия кардем. Дар сурати зарурат хонандагон бо таҳсили фосилавӣ фаро гирифта мешаванд”, – қайд кард Муҳаммадюсуф Имомзода.

Вазир ҳамчунин зикр кард, ки Вазорат ба нашри барномаҳои таълимии барои телевизион таҳияшуда дар шабакаи Youtube омода аст.

“Ин камхарҷтар буда, нафарони зиёдро фаро мегирад, инчунин хонандагон ҳама гуна вақт онро тамошо карда метавонанд. Дар Youtube аллакай филмҳои тасвирии таълимии “Сандуқчаи зулбиё” бо забони тоҷикӣ гузошта шудааст”, – илова кард Имомзода.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...