Вазири маориф: “Мактабҳои олии мо аз мактабҳои олии минтақа монданӣ надоранд”

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Вазири маорифи Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода ҳисоботи Нозироти давлатии санҷиши сифати таълими назди ҳукумати Ӯзбекистонро, ки дар он 8 мактаби олии Тоҷикистон ба рӯйхати муассисаҳои таълимии номақбул барои донишҷӯёни ӯзбек дохил карда шудаанд, ғайривоқеӣ унвон кард.

“Қарори ҳамтоёни ӯзбек нисбат ба мактабҳои олии мо таҳқиқоти беинсофона ва ғайривоқеӣ аст. Дар қарори онҳо қайд шуд, ки ин донишгоҳҳо дар Тоҷикистон амал намекунанд, ин муассисаҳое мебошанд, ки дар солҳои душвор барои кишвари мо таъсис ёфтаанд”, – гуфт Имомзода зимни нишасти хабарии имрӯза.

Дар ҳамин ҳол, ӯ изҳор дошт, ки донишҷӯёни ӯзбек хох-нохоҳ боз “ ба назди мо барои таҳсил меоянд”.

“Имрӯз бо итминон гуфта метавонам, ки донишгоҳҳои мо аз мактабҳои олии минтақа мондание надоранд. Такрор мекунам, ин қарори ғайривоқеӣ ва мухолифи санадҳои байнулмилалӣ аст, зеро мо дар бораи эътирофи дипломҳо созишномаи байниҳукуматӣ дорем. Ин рақобати носолим аст. Хоҳ-нохоҳ донишҷӯёни ӯзбек назди мо барои таҳсил хоҳанд омад”, – иброз дошт вазир.

Ба ақидаи Имомзода, имсол сафи донишҷӯёни кишвари ҳамсоя дар Тоҷикистон зиёдтар мешавад.

“Мактабҳои олии Ӯзбекистон ҳамагӣ 10-12%-и хатмкардагони мактабҳоро фаро гирифта, лекин ҳамаи хатмкардагон таҳсилро идома додан мехоҳанд. Таҳсилро дар Тоҷикистон хуш мепазиранд. Барои онҳо тамоми шароитро фароҳам оварда, нархҳоро мутобиқи шартнома пасттар кардем… Ба фикрам, имсол сафи донишҷӯёни ӯзбек дар Тоҷикистон боз бештар мешавад”, – илова кард вазир.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...