Рустам Назарзода: Аз офатҳои табиӣ 7 кас фавтида, 51 млн сомонӣ зарар расидааст

Date:

Тӯли шаш моҳи соли равон дар Тоҷикистон 178 ҳодисаи фавқулоддаи табиӣ рух дода, ба аҳолию иқтисоди кишвар ба маблағи 51 млн сомонӣ зарар расидааст. Дар ин бора генерал-лейтенант Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ имрӯз, 23-юми июл дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, дар натиҷаи офатҳои табиӣ 7 шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд. Аз ҷумла, бар асари тарма – 2 нафар дар ноҳияи Рашт, аз омадани сел – 4 нафар (2 кас дар ноҳияи Хуросон ва 1-нафарӣ дар навоҳии Мастчоҳ ва Деваштич), аз раъду барқ – 1 кас дар ноҳияи Кӯшониён фавтиданд.

“Бар асари офатҳои табиӣ – боришоти барфи зиёд, фаромадани тарма ва ярч, боронгарӣ ва омадани сел, вазидани шамоли сахт ва баладшавии сатҳи оби дарёҳо дар нимсолаи аввал ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ хисороти калони моддӣ расонида шуд. Дар натиҷа 102 манзили истиқоматӣ (41 хона пурра), 22 бинои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва томактабӣ, қариб 25 км роҳи мошингард, 6 кӯпрук, 15 ҳазору 634 км хатҳои интиқоли барқ ва беш аз 18,5  гектар заминҳои кишт зарар диданд”, – изҳор дошт Рустам Назарзода.

МЕДИА (IFRAME)

Вай афзуд, ки ба аҳолии зарардида кумаки яквақтаинаи моддӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва ҷиҳози рӯзгор аз ҷониби Кумита, мақомотҳои вилоятӣ ва ноҳиявӣ, инчунин ташкилотҳои байнулмилалӣ ҷудо гардида, тавассути техникаи боркашонӣ ба ноҳияҳои осебдида расонида шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед. 

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...