Баҳси додгоҳии Абдумалик Қодиров бо Internews

Абумалик Қодиров, собиқ роҳбари дафтари “Интернюс дар Тоҷикистон” ин ташкилотро барои “беасос аз вазифа барканор карданаш” ба додгоҳ кашидааст. Мурофиаи пешакӣ бо иштироки ҷонибҳо рӯзи 23-юми июл дар суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт баргузор шуд. Бахтиёр Насруллоев, ҳимоятгари Қодиров мегӯяд: “То имрӯз миёни мо ва “Интернюс” барои ба созиш омадан гуфтушунид буд. Лоиҳаи созиш омода […]

Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Asia-Plus

Абумалик Қодиров, собиқ роҳбари дафтари “Интернюс дар Тоҷикистон” ин ташкилотро барои “беасос аз вазифа барканор карданаш” ба додгоҳ кашидааст. Мурофиаи пешакӣ бо иштироки ҷонибҳо рӯзи 23-юми июл дар суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт баргузор шуд.

Бахтиёр Насруллоев, ҳимоятгари Қодиров мегӯяд: “То имрӯз миёни мо ва “Интернюс” барои ба созиш омадан гуфтушунид буд. Лоиҳаи созиш омода ва тарафҳо барои имзо кардани он тайёр буданд, лекин тарафи кордеҳ, яъне “Интернюс” имзои ин созишномаро бо ҳар баҳона кашол медод ва ахиран чунин шартҳое гузошт, ки мо маҷбур шудем, аз он даст кашем”.

Абдумалик Қодиров, ки аз соли 2016 инҷониб роҳбари дафтари тоҷикистонии ташкилоти ғайритиҷоратии байнулмилалии “Интернюс”-ро ба уҳда дошт, моҳи марти соли ҷорӣ аз вазифа барканор шуд. Ба иддаои ӯ, қарори аз вазифа озод кардани ӯ хилофи қавонини меҳнати кишвар ва низомномаи ин ташкилот аст.

“Дар раванди аз кор гирифтани ман хатоҳои ҳуқуқии зиёде сурат гирифта буд, бинобар ин, ман ба суд муроҷиат кардам. Иддаои ман барқарор карданам дар ҷойи кори пешинаам ҳаст. Чун ман ҳисоб мекунам, ки маро ноҳақ аз кор гирифтаанд”, – изҳор дошт Қодиров.

Камолиддин Муҳаммадов, намояндаи “Интернюс” дар мурофиаи судии дирӯза аз мусоҳиба бо хабарнигорон худдорӣ кард. Ӯ дар бораи мурофиа танҳо гуфт: “Барканории Қодиров  дар доираи қонун сурат гирифтааст. Ин як баҳси одии меҳнатӣ аст. Албатта, хулосаи ниҳоиро суд хоҳад баровард”.

“Интернюс” ташкилоти ғайритиҷоратии байнулмилалиест, ки аз соли 1995 дар Тоҷикистон дафтар дорад ва фаъолияти он асосан ба дастгирии ВАО равона шудааст. Дафтари марказии он дар ИМА қарор дошта, дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон намояндагии минтақавӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ дорад.

Баҳси Абдумалик Қодиров бо “Интернюс” бобати барканор шуданаш аз вазифаи роҳбарӣ барои ин ташкилот ҳодисаи бесобиқа нест. “Интернюс” солҳои 2002 – 2003 ҳамчунин як қазия бо сарвари онвақтаи тоҷистонияш Баҳодур Қосимов дошт. Он замон кор то ба додгоҳ нарафта буд ва ҷонибҳо бо ҳам созиш карданд.

Абдумалик Қодиров аз камтарин шореҳони тоҷик аст, ки рӯйдодҳои сиёсии кишварро баррасӣ мекунад. Аз соли 2011 то ба “Интернюс” омаданаш ӯ роҳбари Намояндагии созмони байнулмилалии “Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ” дар Тоҷикистон буд.

Аввали моҳи майи соли ҷорӣ Кунгураи урупоии рӯзноманигорон ва блогнависони тоҷик Абдумалик Қодировро барандаи ҷоизаи “Бунёнгузор” ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур барои саҳмгузорӣ дар бунёди тарҳҳои гуногуни расонаӣ эълон кардааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.