Тоҷикистон ба Русия барқарор кардани хатсайрҳои мустақимро байни кишварҳо пешниҳод кард

Тоҷикистон рӯзи 22 июл ҷониби Русияро дар бораи қабули қарори ҳукумат бобати барқарор кардани алоқаи ҳавоӣ бо Русия расман огоҳ кард. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Раёстати иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд. “Айни замон посухи ҳамтоҳои русиягиамонро интизорем. Зимни қабули қарор дар бораи барқарор кардани алоқаи ҳавоӣ бо Русия мо ба назар […]

Тоҷикистон рӯзи 22 июл ҷониби Русияро дар бораи қабули қарори ҳукумат бобати барқарор кардани алоқаи ҳавоӣ бо Русия расман огоҳ кард. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Раёстати иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.

“Айни замон посухи ҳамтоҳои русиягиамонро интизорем. Зимни қабули қарор дар бораи барқарор кардани алоқаи ҳавоӣ бо Русия мо ба назар гирифтем, ки ин амал бо риояи қатъии талаботи санитарӣ ва зиддиэпидемикӣ сурат хоҳад гирифт”, – қайд мекунанд дар ВКХ Тоҷикистон.

Ёдрас мекунем, ки Русия дар бораи барқарор кардани алоқаи ҳавоӣ бо чанде аз кишварҳо аз 1 август қарор қабул кард.

Қобили зикр аст, ки ҳозир барои аз хориҷи кишвар баровардани тоҷикистониён  байни Тоҷикистону Русия танҳо парвозҳои чартерӣ анҷом дода мешаванд. Ҳар як ду рӯз аз Маскав ба Душанбе се парвоз иҷро мешавад – ҳавопаймоҳои ширкати”Сомон Эйр” ҳар рӯз ва ҳавопаймоҳои ширкати “Тоҷик Эйр” дар ду рӯз як маротиба.

Парвозҳои чартерӣ аз 25 июн шурӯъ гардида, то имрӯз беш аз 6 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба ватан баргардонида шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.