Коронавирус дар Тоҷикистон: қариб 6 ҳазор нафар шифо ёфтанд

Шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 42 ҳодисаи нави сироятёбӣ аз бемории коронавирус ба қайд гирифта шуд. Бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба 7 ҳазору 192 нафар расид. Ҳолати фавт бар асари ин беморӣ сабт нашуда, ҳамин тариқ теъдоди умумии фавтидагон аз коронавирус 59 нафарро ташкил […]

Asia-Plus

Шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 42 ҳодисаи нави сироятёбӣ аз бемории коронавирус ба қайд гирифта шуд.

Бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба 7 ҳазору 192 нафар расид.

Ҳолати фавт бар асари ин беморӣ сабт нашуда, ҳамин тариқ теъдоди умумии фавтидагон аз коронавирус 59 нафарро ташкил медиҳад.

Гуфта мешавад, то субҳи 27-уми июл 101 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 64 кас баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд. Теъдоди умумии шифоёфтагон 5 ҳазору 970 нафар ё худ 83%-ро ташкил медиҳад.

Қобили зикр аст, ки зимни нишасти матбуотии ҷамъбасти нимсола вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Ҷамолиддин Абдуллозода изҳор дошт, ки айни ҳол барои пешгирӣ ва табобати COVID-19 дар Тоҷикистон миқдори зарурии доруворӣ ва воситаҳои муҳофизати инфиродӣ захира шудааст

“Айни замон дар кишвар ба эътидол омадани вазъи паҳншавии коронавирус ба мушоҳида мерасад, – иброз дошт ӯ. – Дар саросари дунё барои пешгӯии мавҷи дуюми пандемияи коронавирус меъёрҳои муайян нестанд. Бо хулоса аз вазъи паҳншавӣ дар кишварҳои ҳамсоя, эҳтимоли мавҷи дуюм дар мо ҳам интизор меравад, лекин замони онро алҳол дақиқ гуфта наметавонем”.

Дар ҳамин ҳол, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Тоҷикистон ба мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру навоҳии кишвар дар бораи танҳо дар доираи аҳли оила ва бо иштироки шумори маҳдуди одамон гузаронидани маросими тӯйҳо дастури дахлдор фиристод.

Мувофиқи қоидаҳои нав, дар ин маросимҳо на зиёдтар аз 30-40 нафар хешовандони наздик иштирок карда метавонанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.