Итиёзҳои бонкҳои Тоҷикистон ба мизоҷон ба маблағи беш аз $145 млн

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон дар робита ба коронавирус ва таъсири он ба иқтисоди кишвар ба зиёда аз 100 ҳазор адад муштариёни худ ба маблағи 1,5 млрд. сомонӣ (беш аз 145 млн доллар) имтиёзҳо пешниҳод намуданд.

Тавре Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) хабар медиҳад, аз ҷумла, муҳлати пардохти қарзи зиёда аз 28,6 ҳазор шумораи муштариён бо маблағи 800 млн сомонӣ тамдид гардида, зиёда аз 43 млн. сомонӣ ҷаримаҳои ҳисобшуда ба муштариён бахшида шуданд.

Гуфта мешавад, тадбирҳои мазкур ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои президенти мамлакатбо дарназардошти таъсири паҳншавии пандемияи коронавируси COVID-19 ба иқтисодиёт рӯйи даст гирифта шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, дар маҷмӯъ меъёри миёнавазни фоизи қарзҳо бо асъори хориҷӣ дар моҳи январ-июни соли 2020 нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 2,5 банди фоизӣ (аз 15,5 фоиз то 13 фоиз) паст шуда, меъёри фоизи қарзҳо бо пули миллӣ бошад, 1,7 банди фоизӣ зиёд шудааст (аз 21,9 фоиз то 23,6 фоиз).

Зикр мегардад, ки нимсолаи аввали соли ҷорӣ бонкҳо ба маблағи умумии наздики 4 млрд сомонӣ қарз додаанд.

“Аз ҳаҷми умумии қарз 19,3% ба соҳаи савдои хориҷӣ, 18,8% ба бахши кишоварзӣ, 10,6% ба саноат, 27,7% ба истеъмолот, 14% фоиз ба хизматрасонӣ, 5,2% ба сохтмон, 1,2% ба нақлиёт, 0,6% ба миёнаравии молиявӣ ва 2,6% ба дигар соҳаҳо рост меояд”, – таъкид мешавад дар маълумоти БМТ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...