Тоҷикистон ба Русия барқарор кардани хатсайрҳои мустақимро байни кишварҳо пешниҳод кард

Asia-Plus

Тоҷикистон рӯзи 22 июл ҷониби Русияро дар бораи қабули қарори ҳукумат бобати барқарор кардани алоқаи ҳавоӣ бо Русия расман огоҳ кард. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Раёстати иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.

“Айни замон посухи ҳамтоҳои русиягиамонро интизорем. Зимни қабули қарор дар бораи барқарор кардани алоқаи ҳавоӣ бо Русия мо ба назар гирифтем, ки ин амал бо риояи қатъии талаботи санитарӣ ва зиддиэпидемикӣ сурат хоҳад гирифт”, – қайд мекунанд дар ВКХ Тоҷикистон.

Ёдрас мекунем, ки Русия дар бораи барқарор кардани алоқаи ҳавоӣ бо чанде аз кишварҳо аз 1 август қарор қабул кард.

Қобили зикр аст, ки ҳозир барои аз хориҷи кишвар баровардани тоҷикистониён  байни Тоҷикистону Русия танҳо парвозҳои чартерӣ анҷом дода мешаванд. Ҳар як ду рӯз аз Маскав ба Душанбе се парвоз иҷро мешавад – ҳавопаймоҳои ширкати”Сомон Эйр” ҳар рӯз ва ҳавопаймоҳои ширкати “Тоҷик Эйр” дар ду рӯз як маротиба.

Парвозҳои чартерӣ аз 25 июн шурӯъ гардида, то имрӯз беш аз 6 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба ватан баргардонида шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...