Қариб нисфи кумаки башардӯстонаи имсоларо Тоҷикистон аз Чин гирифт

Date:

Нимсолаи аввали соли равон ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 21,7 млн сомонӣ кумаки башардӯстона ворид гардид.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, ин кумак бо вазни умумии наздики 10 ҳазор тонна аз 48 кишвари ҷаҳон расидааст.

Мададрасонони асосии имсола ба Тоҷикистон Чин (46,9% аз ҳаҷми умумии кумак), Ӯзбекистон (17,4%), Қазоқистон (8,6%), Туркия (6,2%), Русия (4%), Ҳиндустон (3,4%), Дания (3%), ИМА (1,8%), Нидерланд (1,5%) ва Олмон (1,2%) маҳсуб меёбанд.

Дар ҳамин ҳол, Агентии зиддифасоди ҷумҳурӣ овозаҳои ба фурӯш гузоштани кумаки башардӯстонаи ба Тоҷикистон воридшуда, аз ҷумла маҳсулоти ғизоӣ ва маводи тиббиро рад кард.

Роҳбари Агентӣ Сулаймон Султонзода зимни нишасти матбуотии рӯзи 28 июл дар ин робита изҳор намуд, ки дар Тоҷикистон ягон далели фурӯши кумаки башардӯстона ба қайд гирифта нашудааст.

Ин овозаҳоро қаблан прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон низ беасос унвон карда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...