Бонки ҷаҳонӣ баҳри беҳбуди роҳҳои Осиёи Марказӣ $131 млн медиҳад

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Мудирони иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ маблағгузории грантиро барои марҳилаи чоруми “Барномаи беҳбуди роҳҳои Осиёи Марказӣ” тасдиқ карданд.

Дар маълумоти намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар ин робита гуфта мешавад, амалисозии лоиҳа ба густариши савдои фаромарзӣ ва беҳбуди робита тариқи роҳҳои мошингард мусоидат мекунад.

Маблағгузории лоиҳа аз ҷониби Ассотсиатсияи байнулмилалии рушд 131 млн доллар) ва Фонди трастӣ барои Барномаи робита ва савдо дар Осиё (1 млн доллар) амалӣ мегардад.

“Тоҷикистон бо имконияти маҳдуд дар минтақаи баландкӯҳ ҷойгир буда, роҳи баромадан ба баҳрро надорад, ки дар натиҷа ба хароҷоти зиёдтарин дар Осиёи Марказӣ вобаста ба нақлиёт ва савдо дучор мешавад”, – таъкид доштааст роҳбари намояндагии доимии Бонки ҷаҳонӣ дар ҶТ Ян-Петер Олтерс.

Ӯ изҳори итминон кардааст, ки маҷмӯи тадбирҳои сармоягузорӣ ба зерсохтори нақлиётӣ ва таҷдиди расмиёти гумрукӣ ба Тоҷикистон дар ташкили бозорҳои содиротӣ кумак карда, барои корхонаҳои хусусӣ ва аҳолии ҷавону дар ҳоли афзоиш қарордоштаи кишвар имкониятҳои нав фароҳам меоварад.

Ҳадафи марҳилаи чоруми “Барномаи беҳбуди роҳҳои Осиёи Марказӣ” аз беҳтар кардани алоқаи Тоҷикистон тариқи роҳҳои автомобилгард ва тавсеъаи имконот баҳри савдои фаромарзӣ, инчунин тақвияти субот ва бехатарии зерсохтори роҳҳо дар вилояти Суғд ва ВМКБ иборат аст.

Дар доираи татбиқи лоиҳа барои таъмиру барқарор кардани зиёда аз 50 километр роҳ дар чор қитъаи вилояти Суғд: Бекобод (қаламрави Ӯзбекистон) – Куркат, Деҳмой – Ғафуров, Ғафуров – Хистеварз ва Кучкак – Конибодом маблағгузорӣ сурат мегирад.

Ҳамчунин дар лоиҳа дастгирӣ аз сохтмони пули Хоруғ ва нақбу галереяҳо (пешайвонҳо) ва пулҳо дар атрофи деҳаи Барсем дар шоҳроҳи Помир дар ВМКБ, ки ба офатҳои табиӣ хеле осебпазир аст, пешбинӣ шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...