Qlever шабакаи таълимию фароғатӣ барои рушди саводи расонаӣ

Дар Осиёи Марказӣ барнома барои рушди муқовиматпазирии ҷавонон бар зидди суханони нафратангез ва иттилооти  бардурӯғ дар интернет фаъол гардид. Платформаи Qlever як портали шабакавии таълимӣ ва фароғатӣ  дар заминаи Android буда, ҳамчунин дорои вебсомонаи www.qlever.asia аст. “Ҳадафи Qlever ин  ҳавасманд гардонидани  ҷавонони осебпазир (аз 18 то 35-сола) дар ноҳияҳои дурдасти Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва  Ӯзбекистон […]

Се нуқта

Дар Осиёи Марказӣ барнома барои рушди муқовиматпазирии ҷавонон бар зидди суханони нафратангез ва иттилооти  бардурӯғ дар интернет фаъол гардид.

Платформаи Qlever як портали шабакавии таълимӣ ва фароғатӣ  дар заминаи Android буда, ҳамчунин дорои вебсомонаи www.qlever.asia аст.

“Ҳадафи Qlever ин  ҳавасманд гардонидани  ҷавонони осебпазир (аз 18 то 35-сола) дар ноҳияҳои дурдасти Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва  Ӯзбекистон аст”,- мегӯянд созмондиҳандагони барнома.

Платформа дар доираи лоиҳаи BRYCA "Бунёди  муқовимат ба таъсири  суханони  ғайриқонунии нафратангез  ва иттилооти  бардурӯғ дар интернет ва ВАО-и иҷтимоӣ дар ҷавонони Осиёи Марказӣ", ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шуда, таҳия карда шудааст.

“Дар ҳар як кишвар барои муайян кардани масъалаҳои марбут, ки дар рафти таҳияи бозиҳои таълимӣ истифода мешаванд, барномаи мониторинги ВАО (аз ҷумла фазои интернетӣ) амалӣ карда  мешавад. Ин мониторинг намунаҳои воқеии суханронии нафратангез, тақаллубкорӣ, сӯиистифода, таҷассумнамоиро ошкор  мекунад, ки метавонад шаклҳои гуногун дошта бошад: истифодаи нодурусти далелҳо, изҳороти бардурӯғ, иқтибосҳои бардурӯғ, суиистифодаи тасвирҳо/ видео/ маълумотро дарбар гирад”,- қайд менамоянд созандагони платформа.

Истифодаи платформа ройгон буда, барои муваффақиятҳо дар барнома метавонед соҳиби тӯҳфаҳо шавед.

“Барои дастрасии пурра истифодабаранда бояд аз қайд  гузарад. Дар баробари дарсҳо дар мавриди саводӣ расонаӣ корбар метавонад хабарҳои муҳими Осиёи Марказиро хонад, дар форум бо корбарони ҳамсоякишварҳо вориди баҳс шавад ва ҳамчунин бозӣ кунад. Бозиҳо барои рушди саводи расонаии корбар равона шуда, барои муваффақиятҳо бал дода мешавад. Корбароне, ки хол ё балхои заруриро ба даст меоранд, метаваонанд аз мағозаи Qlever харид кунанд. Бар ивази холҳои муайян ба корбарон аз китобу флешкорту диктофон то ноутбук ба фурӯш гузошта шудааст” – иттилоъ доданд созандагони платформа.

QLEVER барои телефонҳои мобилӣ дар Google Play Market дастрас аст, ҳамчунин шумо метавонед аз сомонаи www.qlever.asia  истифода баред.

Маълумоти бештарро дар бораи лоиҳа дар саҳифаи расмии BRYCA пайдо кардан мумкин аст ё барои маълумоти иловагӣ тавассути почтаи электронии [email protected], бо телефони +992 92 700 41 11 метавонед дар тамос шавед.

Мавод дар доираи Маъракаи рушди маърифати расонаӣ дар Тоҷикистон – “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” таҳия шудааст. Ба саҳифаи “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Одноклассники пайваст шавед ва маърифати расонаии худро инкишоф диҳед!

Дигар маводҳои лоиҳаро ин ҷо хонед: Бидон, чиро мебинӣ!

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.