Вазорати маориф: Аз дохилшавӣ ба донишгоҳҳои Чин ҳушёр бошед!

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Вазорати маорифи Чин аз пайдо шудану ба таври қаллобӣ фаъолият намудани баъзе “донишгоҳ”-ҳо дар ин кишвар хабар додааст. 

Бино ба иттилои Вазорати маорифи Тоҷикистон, рӯзи 6-уми августи соли 2020 сомонаи расмии Агентии иттилоотии «Синхуа» дар мавриди пайдо шудану ба таври қаллобӣ фаъолият намудани баъзе ба ном «донишгоҳ»-ҳо, ки гӯё дар ҳудуди кишвари Чин фаъолият мекунанд, хабар додааст.

Ҳамзамон Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ВКХ ва Сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Пекин дар такя ба Вазорати маорифи Чин ба маълумоти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Чин хоҳиши таҳсил доранд, мерасонад, ки дар мавриди интихоб ва дохилшавӣ ба муассисаи таълимӣ ҳушёр бошанд.

Вазорати маорифи Чин аз кулли довталабоне, ки хоҳиши таҳсил дар муассисаҳои таълимии ин кишварро доранд, даъват ба амал овардааст, ки ҳушёр бошанд, то ба доми фиреби «донишгоҳҳои қалбакӣ» гирифтор нашаванд.

“Довталабон бояд қабл аз дархост гузоштану супоридани имтиҳонҳои қабул ба таври онлайнӣ ба торнамои расмии вазорат ва ё торнамои дигар мақомоти дахлдор дар WeChat ворид шуда, дар бораи муассисаҳои таълимии интихобкардаашон маълумоти дақиқ пайдо кунанд,” – таъкид намудааст Вазорати маорифи Чин.

Гуфта мешавад, тамоми донишкадаву донишгоҳҳои дар вазорати мазкур бақайдгирифташуда рамзи истисноии худро доранд, ки шаҳрвандон онро дар торнамоҳои низоми махсуси бақайдгирии довталабон пайдо карда метавонанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...