Ҳабси абади як марди дигар барои таҷовуз ба номуси духтарандару писарандараш

Date:

Додгоҳи шаҳри Душанбе шаҳрванд Исанов Турғунҷон Жураевичро барои таҷовуз ба номуси духтарандар ва писарандараш барои як умр аз озодӣ маҳрум кард.

Ҳукми додгоҳро торнамои ДодгоҳиДушанбе нашр кардааст ва дар он гуфта мешавад, ки Исанов бо шаҳрванд Зарина Соева, ки баъди ҷудо шудан аз ҳамсари аввалаш дар тарбия худ ду фарзанди ноболиғ доштааст, никоҳи мусалмонӣ карда, зиндагии якҷоя доштаанд. Ҳамчунин аз ин зиндагии муштарак як фарзанд низ доштаанд.

Бино ба навиштаи торнамои Додгоҳи Душанбе, ин ниҳод муайян кардааст, ки Исанов аз вазъияти набудани ҳамсараш дар хона истифода карда, нисбат ба фарзандони ҳамсараш – духтару писари ноболиғ ҳаракатҳои бадахлоқонаи ҷисмонӣ содир намуда, борҳо ба номусашон таҷовуз кардааст.

Дар навиштаи торнамои додгоҳ омадааст, ки Исанов ноболиғонро таҳдид кардааст, ки аз ин амалкардҳои ӯ ба модарашон шикоят набаранд.

Додгоҳ бар асоси далелҳои овардааш Исанов Турғунро бар пояи моддаҳои 138, қисми 3, банди “а” ва 139, қисми 4 ,банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, ӯро ҳабси якумра кардааст, ки ҷазоро дар муассисаии ислоҳии дорои низоми махсус, адо мекунад.

Ҳанӯз назари ҷонибҳои ин қазияи додгоҳӣ барои расонаҳо муълум нест, вале додгоҳ гуфтааст, ки ташхиси тиббиву додгоҳӣ мавридҳои таҷовуз ба номуси ҳар ду ноболиғро таъйид кардааст.

Ин ҳукми Додгоҳи Душанбе алайҳи Исанов дар ҳолест, ки моҳҳои ахир чандин ҳодисаи таҷовуз ба номуси ноболиғон дар Тоҷикистон расонаӣ шуд. Чанде пеш Додситони кулли Тоҷикистон хабар дода буд, ки Юсуф Зиёев, як шаҳрванди дигар барои таҷовуз ба номуси як кӯдаки 3-сол низ ба ҳукми ҳабси абад маҳкум шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...