Мавсими гармидиҳӣ дар Душанбе: имсол он ба киҳо дода мешавад?

Тавре ба “Азия-Плюс” аз муассисаи “Шабакаҳои гармидиҳии шаҳри Душанбе хабар доданд, оғози мавсими интиқоли гармӣ ба шароити обуҳаво вобаста аст. Дар мавсими гармидиҳии солҳои 2020-2021 дар пойтахти Тоҷикистон интиқоли гармӣ ба 2511 иншоот, аз ҷумла 2 011 манзили зист, 56 муассисаи тиббӣ, 154 мактаб ва кӯдакистонҳо, 290 корхонаву ташкилот ба нақша гирифта шудааст. Дар ноҳияи Сино […]

Тавре ба “Азия-Плюс” аз муассисаи “Шабакаҳои гармидиҳии шаҳри Душанбе хабар доданд, оғози мавсими интиқоли гармӣ ба шароити обуҳаво вобаста аст.

Дар мавсими гармидиҳии солҳои 2020-2021 дар пойтахти Тоҷикистон интиқоли гармӣ ба 2511 иншоот, аз ҷумла 2 011 манзили зист, 56 муассисаи тиббӣ, 154 мактаб ва кӯдакистонҳо, 290 корхонаву ташкилот ба нақша гирифта шудааст.

Дар ноҳияи Сино 1030 иншоот, 500-тогӣ иншоот дар ноҳияи Шоҳмансур ва Исмоили Сомонӣ, 242 иншоот дар ноҳияи Фирдавсӣ ба шабакаи гармидиҳӣ пайваст карда шудаанд.

Тарифҳои гармидиҳии соли гузашта иваз нашуда, барои аҳолӣ 1,18 сомонӣ барои 1 метри мураббаъ бо шумули ААИ, ташкилотҳои буҷетӣ – 98,67 сомонӣ барои 1 Гккали гармӣ (бе назардошти ААИ), барои ҳамаи дигар истеъмолгарон – 113,47 сомонӣ барои 1 Гккали гармӣ (бе назардошти ААИ) муқаррар шудааст.

Муассисаи “Шабакаҳои гармидиҳии шаҳри Душанбе” хотиррасон менамояд, ки айни замон корҳои омодагии иншоот ба қабули гармӣ дар арафаи анҷомёбианд.

Мувофиқи меъёрҳои қонунгузории ҶТ, муассисаи “Шабакаҳои гармидиҳии шаҳри Душанбе” ба ҳамаи корҳо дар ин самт то нуқтаи тақсимоти гармӣ (элеватор) ба манзилҳо масъул буда, ба ҳолати коммуникатсияҳои муҳандисӣ дар дохили бино, баргузории корҳои таъмир, ивази шабакаҳои гармидиҳӣ дар дохили биноҳо худи сокинони биноҳо масъуланд.

Ҳамаи масъалаҳои марбут ба омодагӣ ва таъмини гармӣ дар мавсим зери назорати бевоситаи раҳбарияти шаҳри Душанбе қарор доранд. Дар ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳо ситодҳои фаврии доимӣ амал мекунанд.

Дар муассисаи “Шабакаҳои гармидиҳии Душанбе” аз ҳисоби роҳбарони корхонаҳо ва шахсони масъули воҳидҳо навбатдории шабонарӯзӣ роҳандозӣ гардида, фаъолияти хадамоти садмавӣ-диспетчерӣ барқарор шудааст.

Рақами телефонҳои хадамоти садамавӣ-диспетчерӣ: 231 76 01; 933 00 15 24 (шабонарӯзӣ фаъоланд).

Ҳамаи арзу шикояти вобаста ба ҳолати шабакаҳо то нуқтаи тақсимоти бинои мушаххас бо телефони хадамоти диспетчерӣ: 231-75-01 қабул мешаванд.

Мувофиқи қонун дар бораи нигоҳдории хонаҳои баландошёнаи истиқоматӣ, ки 10 июни соли 2009 тасдиқ шудааст, моликони манзил уҳдадоранд, ки ҳамаи шабакаҳои дохили биноро дар ҳолати коршоям нигоҳ дошта, мукаммалии онро вайрон накунанд ва ба интиқоли гармӣ тариқи шабакаи ягонаи хона монеъа эҷод насозанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.