Дар фурудгоҳи Душанбе “Одоби муошират” меомӯзанд

Дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе барои кормандони воҳидҳои сохтории фурудгоҳ дар мавзӯи «Одоби муошират ҳангоми пешвозгирӣ ва гусели сайёҳони хориҷӣ» тренинг гузаронида шуд. Бино ба иттилои ВКД, бо ташаббуси Раёсати экологӣ ва сайёҳии ВКД ва дастгирии Кумитаи рушди сайёҳӣ барои кормандони воҳидҳои сохтории фурудгоҳи байналмилалӣ дар мавзӯи «Одоби муошират ҳангоми пешвозгирӣ ва гусели сайёҳони хориҷӣ» […]

Дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе барои кормандони воҳидҳои сохтории фурудгоҳ дар мавзӯи «Одоби муошират ҳангоми пешвозгирӣ ва гусели сайёҳони хориҷӣ» тренинг гузаронида шуд.

Бино ба иттилои ВКД, бо ташаббуси Раёсати экологӣ ва сайёҳии ВКД ва дастгирии Кумитаи рушди сайёҳӣ барои кормандони воҳидҳои сохтории фурудгоҳи байналмилалӣ дар мавзӯи «Одоби муошират ҳангоми пешвозгирӣ ва гусели сайёҳони хориҷӣ» бо иштироки тренери дараҷаи байналмилалӣ Саидмурод Давлатов тренинг баргузор гардид.

Гуфта мешавад, ки мутобиқи барномаи тренинг мубоҳисаҳои ҷолиб байни иштирокдорони чорабинӣ доир гардид. Инчунин масъалаҳои гуногуни нигоҳ доштани меъёрҳои байналмилалӣ, расму ойин, расмиёти пешвозгирӣ ва гусели сайёҳони хориҷӣ дар фурудгоҳи байналмилалӣ бо мақсади баланд бардоштани имиҷи кишвар ҳамчун кишвари сайёҳӣ баррасӣ гардиданд.

Зикр гардид, ки таасуроти хуб бардоштани ҳар як сайёҳ ба ҷалби сайёҳон ба кишвар мусоидат менамояд.

Бо назардошти таҷрибаи муфиди тренинги мазкур иштирокдорон ба хулосае омаданд, ки доир намудани чунин чорабиниҳо барои кормандони воҳидҳои сохтории фурудгоҳи байналмилалӣ дар шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб ва Хуҷанд манфиатбахш мебошад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.