Озмуни Театри драма ва мазҳакаи Бӯстон барои беҳтарин сенария

Алия Хамидуллина, Asia-Plus

Театри драма ва мазҳакаи ба номи Пушкин дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд барои беҳтарин сенария (асари саҳнавӣ) озмун эълон кард. Корҳои ғолибон оянда дар театр ба саҳна гузошта мешаванд. Номи ҷоизадорон 4 декабри соли равон зимни муаррифии корҳо эълон хоҳанд шуд.

Озмун бо дастгирии Раёсати фарҳанги вилояти Суғд гузаронида мешавад. Мавзӯъҳои сенария иборатанд аз: коронавирус, терроризму ифротгароӣ, хушунат нисбат ба занон дар оила, ҷалби ҷавонон ба ҳаракатҳои террористиву ифротгароӣ, нашъмандӣ ва қочоқи маводи нашъаовар, мушкилоти барпо кардани оилаҳои ҷавон.

Корҳо барои иштирок дар озмун аз 1 то 30 ноябри соли 2020 қабул карда мешаванд.

Синни иштирокчиёни озмун бояд аз 18-сола боло бошад. Корҳои муаллифӣ ва бар асоси асарҳои бадеӣ таҳияшударо метавон бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ пешниҳод намуд. Жанри сенария драматургия аст.

Дархост барои иштирок дар озмун дар шакли дилхоҳ таҳия шуда, бояд аз чунин маълумот дар бораи иштирокчӣ иборат бошад:

– Ному насаб ва номи хонаводагӣ (ФИО);

– санаи таваллуд;

– макони зист;

– суроғаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ;

– зикри таҷрибаи пешинаи таҳияи сенарияҳо (агар бошад);

– синопсис (шарҳи мухтасари сенария).

Сенария дар ду нусха бо дархостро ба почтаи электронии [email protected] бо ишораи “Озмуни сенарияҳо” фиристодан лозим аст.

Сенарияҳо аз ҷониби шӯрои коршиносони иборат аз намояндагони театр аз рӯи панҷ меъёр – идея, сюжет, персонаж (шахсият), муколама ва имкони басаҳнагузорӣ (имкони истифодаи сенария дар театр) баҳогузорӣ мешаванд.

Дар озмун се ҷоиза муқаррар шудааст. Дорандагони он бо дипломҳо сарфароз гардонида шуда, кори онҳо барои намоишу спектаклҳо асос шуда метавонанд ва ба репертуар (намоишҳо)-и театр дохил мешаванд.

Муаррифии сенарияҳо дар маърази ом бо иштироки муаллифон рӯзи 4 декабри соли 2020 дар Театри драма ва мазҳаакаи ба номи Пушкин баргузор мешавад.

Бо телефонҳои зерин маълумоти иловагӣ дарёфт карда метавонед: (+992) 92 945-4004; 920-0066 ва 929-2245.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...