Озмуни Театри драма ва мазҳакаи Бӯстон барои беҳтарин сенария

Театри драма ва мазҳакаи ба номи Пушкин дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд барои беҳтарин сенария (асари саҳнавӣ) озмун эълон кард. Корҳои ғолибон оянда дар театр ба саҳна гузошта мешаванд. Номи ҷоизадорон 4 декабри соли равон зимни муаррифии корҳо эълон хоҳанд шуд. Озмун бо дастгирии Раёсати фарҳанги вилояти Суғд гузаронида мешавад. Мавзӯъҳои сенария иборатанд аз: коронавирус, […]

Театри драма ва мазҳакаи ба номи Пушкин дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд барои беҳтарин сенария (асари саҳнавӣ) озмун эълон кард. Корҳои ғолибон оянда дар театр ба саҳна гузошта мешаванд. Номи ҷоизадорон 4 декабри соли равон зимни муаррифии корҳо эълон хоҳанд шуд.

Озмун бо дастгирии Раёсати фарҳанги вилояти Суғд гузаронида мешавад. Мавзӯъҳои сенария иборатанд аз: коронавирус, терроризму ифротгароӣ, хушунат нисбат ба занон дар оила, ҷалби ҷавонон ба ҳаракатҳои террористиву ифротгароӣ, нашъмандӣ ва қочоқи маводи нашъаовар, мушкилоти барпо кардани оилаҳои ҷавон.

Корҳо барои иштирок дар озмун аз 1 то 30 ноябри соли 2020 қабул карда мешаванд.

Синни иштирокчиёни озмун бояд аз 18-сола боло бошад. Корҳои муаллифӣ ва бар асоси асарҳои бадеӣ таҳияшударо метавон бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ пешниҳод намуд. Жанри сенария драматургия аст.

Дархост барои иштирок дар озмун дар шакли дилхоҳ таҳия шуда, бояд аз чунин маълумот дар бораи иштирокчӣ иборат бошад:

– Ному насаб ва номи хонаводагӣ (ФИО);

– санаи таваллуд;

– макони зист;

– суроғаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ;

– зикри таҷрибаи пешинаи таҳияи сенарияҳо (агар бошад);

– синопсис (шарҳи мухтасари сенария).

Сенария дар ду нусха бо дархостро ба почтаи электронии [email protected] бо ишораи “Озмуни сенарияҳо” фиристодан лозим аст.

Сенарияҳо аз ҷониби шӯрои коршиносони иборат аз намояндагони театр аз рӯи панҷ меъёр – идея, сюжет, персонаж (шахсият), муколама ва имкони басаҳнагузорӣ (имкони истифодаи сенария дар театр) баҳогузорӣ мешаванд.

Дар озмун се ҷоиза муқаррар шудааст. Дорандагони он бо дипломҳо сарфароз гардонида шуда, кори онҳо барои намоишу спектаклҳо асос шуда метавонанд ва ба репертуар (намоишҳо)-и театр дохил мешаванд.

Муаррифии сенарияҳо дар маърази ом бо иштироки муаллифон рӯзи 4 декабри соли 2020 дар Театри драма ва мазҳаакаи ба номи Пушкин баргузор мешавад.

Бо телефонҳои зерин маълумоти иловагӣ дарёфт карда метавонед: (+992) 92 945-4004; 920-0066 ва 929-2245.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.