Боздошти иҷрочии додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ барои 2500 сомонӣ

Оҷонсии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон хабар додааст, ки иҷрочии Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Саидзода Ҷовид Ҷобирро  бо гумони гирифтани пора дар ҳаҷми 2500 сомонӣ боздошт кардааст. Тавре дафтари матбуотии ин ниҳод, имрӯз 4 ноябр иттилоъ дод, Ҷовид Саидзода, рӯзи 3 июни соли равон  "ин маблағро аз  шаҳрванд “А” дар ивази […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-PIus

Оҷонсии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон хабар додааст, ки иҷрочии Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Саидзода Ҷовид Ҷобирро  бо гумони гирифтани пора дар ҳаҷми 2500 сомонӣ боздошт кардааст.

Тавре дафтари матбуотии ин ниҳод, имрӯз 4 ноябр иттилоъ дод, Ҷовид Саидзода, рӯзи 3 июни соли равон  "ин маблағро аз  шаҳрванд “А” дар ивази дароз намудани муҳлати иҷрои судӣ, ки дар истеҳсолоташ қарор дошт", талаб намудааст. 

Манбаъ мегӯяд, ки худи ҳамин рӯз  шаҳрванд “А” ба Оҷонсии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон муроҷиат намуд.

Зимни  гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 2500 сомонӣ Ҷовид Саидзода  дастгир ва маблағи мазкур аз ӯ ёфта гирифта шуд.

Ба иттилои Оҷонсӣ, нисбати гумонбаршуда, бо моддаи 319 кисми 1-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?