Наҷотбахшони КҲФ “Дулан”-ро аз Фондарё берун оварданд

Наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ автомашинаи боркаши “Дулан”-ро бо 30 тонна ангишт, ки аз ҷарии 25-метра ба Фондарё сарозер рафта буд, берун оварданд. Наҷотдиҳандагони Кумита аз ин ҳодисаи рухдода дар роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд аз Facebook воқиф гардида, дарҳол расидагӣ намуданд. Наҷотдиҳандагони КҲФ дар минтақаи Зарафшон ҳамроҳ бо кормандони хадамоти роҳи “IRS” ва 3 техникаи махсус […]

Наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ автомашинаи боркаши “Дулан”-ро бо 30 тонна ангишт, ки аз ҷарии 25-метра ба Фондарё сарозер рафта буд, берун оварданд.

Наҷотдиҳандагони Кумита аз ин ҳодисаи рухдода дар роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд аз Facebook воқиф гардида, дарҳол расидагӣ намуданд.

Наҷотдиҳандагони КҲФ дар минтақаи Зарафшон ҳамроҳ бо кормандони хадамоти роҳи “IRS” ва 3 техникаи махсус барои аз ҷарӣ берун кашидани мошини боркаш ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуданд”, – хабар дод котиби матбуотии Кумита Умеда Юсуфӣ.

Маълум шудааст, ки садама ҳанӯз рӯзи 31 октябр дар километри 97-уми роҳи Душанбе-Хуҷанд, дар наздикии деҳаи Такфони ноҳияи Айнӣ рух додааст.

“Ронанда Афзалшо Шодиев, сокини шаҳраки Зарафшони ноҳияи Айнӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар натиҷа мошини боркаши тамғаи “Дулан” ба ҷарии умқаш 15 метри дарёи Фон сарозер шудааст. Хушбахтона, худи ронанда осеб надидааст”, – хабар доданд дар КҲФ.

Дар ҳамин ҳол, зикр мешавад, ки то 3 ноябр на ронанда ва на каси дигар барои кумак ба Кумита муроҷиат накардаанд.

“Аз ин ҳодиса наҷотбахшон дар Facebook огаҳӣ ёфтанд. Муаллифи мавод навишта буд, ки “дуюмин рӯз аст интизори ёрист, вале касе ба кумакаш намерасад”. Ӯ ҳамчунин зикр карда буд, ки ин мошинро ба 21 ҳазор доллар харидаву дар қарз ғӯтавар шудааст”, – гуфтанд дар Кумита.

Наҷотдиҳандагони Кумита дар ҳамдастӣ бо кормандони хадамоти роҳи “IRS” ва техникаи махсус автомашинаро аз дарё берун кашида, ба роҳ бароварданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.