Овоздиҳӣ дар интихоботи президенти ИМА ба итмом расид

Дар ИМА раъйдиҳӣ дар маъракаи интихоботи президенти ин кишвар ба охир расид. Охирин қитъаҳои овоздиҳӣ дар Аляска соати 9:00 ба вақти Маскав (11:00 – ба вақти Душанбе) баста шуданд. Натиҷаи умумии интихобот ҳоло маълум набуда, дар аксари штатҳо ҳисоби овозҳо идома дорад. Тибқи арзёбии NBC, айни замон Байден 209 ва Трамп – 212 овозҳои интихобкунандагонро […]

Дар ИМА раъйдиҳӣ дар маъракаи интихоботи президенти ин кишвар ба охир расид. Охирин қитъаҳои овоздиҳӣ дар Аляска соати 9:00 ба вақти Маскав (11:00 – ба вақти Душанбе) баста шуданд.

Натиҷаи умумии интихобот ҳоло маълум набуда, дар аксари штатҳо ҳисоби овозҳо идома дорад. Тибқи арзёбии NBC, айни замон Байден 209 ва Трамп – 212 овозҳои интихобкунандагонро касб кардаанд. Дар ҳамин ҳол, Fox менависад, Байден 238 ва Трамп – 213 овоз гирифтаанд, хабар медиҳад Медуза.

Барои пирӯзӣ дар интихобот касби 270 овоз зарур аст.

Ба эҳтимоли зиёд, Трамп дар штатҳои Флорида ва Огайо ва Байден дар Аризона пирӯз шудааст: дар ин штатҳо аксарияти овозҳо аллакай ҳисоб шудаанд.

Дар дигар штатҳои калаванда натиҷа ҳоло номаълум аст. Бо сабаби овоздиҳӣ тариқи почта дар як қатор штатҳо, аз ҷумла Пенсилвания ҳисоби овозҳо ба муҳлати то се рӯз тӯл кашида метавонад.

Ҳар ду номзад ҳам ба ғалабаи ояндаи худ бовар доранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.