Ёдгор Файзов: “Вазъ ором аст, “Толибон” бо мо кор надоранд”

Ёдгор Файзов раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  мегӯяд, пас аз суқути ноҳияи ҳаммарзи Моймай дар Афғонистон ба дасти “Толибон” вазъи амниятӣ дар Тоҷикистон ором аст ва ин гуруҳи ба мо кор надоранд. Ба гуфтаи раиси ВМКБ як қисмати вулусволии Нусай, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз мебошад, аз шаш моҳ ба ин сӯй дар дасти “Толибон” қарор […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Ёдгор Файзов раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  мегӯяд, пас аз суқути ноҳияи ҳаммарзи Моймай дар Афғонистон ба дасти “Толибон” вазъи амниятӣ дар Тоҷикистон ором аст ва ин гуруҳи ба мо кор надоранд.

Ба гуфтаи раиси ВМКБ як қисмати вулусволии Нусай, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз мебошад, аз шаш моҳ ба ин сӯй дар дасти “Толибон” қарор дорад, “хушбахтона ба тарафи мо ягон осеб нарасидааст, Моймай ҳам яке аз ноҳияҳои Дарвози Афғонситон, болотар аз Нусай мебошад”.

Вулусволии Моймай ё Дарвози Пойини Дарвози вилояти Бадахшони Афғонистон ду рӯз пеш ба дасти гуруҳи "Толибон" суқут кард. Дар ин набард қумандони амнияи ин вулусволӣ, роҳбари хезишҳои мардумии Моймай бо писараш ва шуморе аз бошандагони дигари ин вулусволӣ кушта шудаанд.

Моймай яке аз панҷ вулусволи водии Дарвози Афғонистон, ки бо номи Дарвозҳо ҳам шинохта мешаванд, аст, ки бо ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ ва Рӯшони Тоҷикистон ҳаммарз аст.

Ёдгор Файзов шоми 20 ноябр ба “Азия-Плюс” гуфт,  “мо вақте бибинем вазъият дар онҷо тезу тунд шуду тирпаронӣ сурат гирифт, ин ҳолатҳоро дар зери назорат мегирем ва аз ҷониби мо ҳаракати нақлиёти бахши мусофирбар қатъ карда мешавад. Агар дар он ҷо ҷанги бошиддат бошаду ба мардум хавфе таҳдид кунад, яъне гулӯлапартоӣ бошад, мо кӯшиш мекунем, ки мардумро огоҳ намуда ва ба ҷойи бехатар бибарем”.

Раиси вилоят мегӯяд, ки чаҳор моҳ пеш дар натиҷаи чунин даргириҳо дар ҷониби Афғонистон ба деҳаҳои ҳаммарзи Дарвози мо се чор тир расида буд. Хушбахтона тир ба хонаводае расид, ки соҳибони хона дар кӯҳ буданду дар хона касе набуд ва осеб надид,-мегӯяд Файзов.

Саидбурҳон Абдураҳмонзода, раиси ноҳияи Дарвоз  низ мегӯяд, ки вазъ орому зери назорати неруҳои марбутаи Тоҷикистон аст.

Як соли ахир ҳузури гуруҳи "Толибон" дар Бадахшони Афғонистон, хусусан вулусволиҳои Дарвозҳо хеле фаъол шудааст ва даргириҳои пурқурбоние дар ин минтақа сурат мегирад.

Моймай 22 ҳазор ҷамъият ва 81 деҳа дорад, ки аҳолии он саросар тоҷиконанд. Мардуми ин вулусволи аксаран суннӣ ва қисме ҳам пайравони тариқати исмоилияи аҳли ташайю мебошанд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.