Зафаробод: ҷавоне ҳамсояи 24-солаашро бо болға куштааст

Афзал Босолиев, Asia-Plus

Дар ноҳияи Зафаробод пулис ҷавони 29-солаеро бо гумони даст доштан дар қатли ҳамсояаш Беҳзод Давронбекови  24-сола бо болғаи оҳанӣ ва бо ин олат латукӯб кардани модари 44-солаи  ӯ Малоҳат Зиёева боздошт намудааст.  Дар ин бора сардори дафтаи матбуоти  Раёсати Вазорати корҳои дохилии ҶТ дар вилояти Суғд Акбар Шарифӣ ба “Азия плюс” хабар дод. 

Бино ба иттилои манбаъ, ҳодиса шоми 10 ба 11-уми ноябр дар ҳудуди манзили истиқомати Беҳзод Давронбеков   воқеъ кӯчаи Байналмиллали шаҳраки Зафаробод ба вуқӯъ пайвастааст.

“Тибқи далелҳои тафтишот аз таъсири воситаи нашъадори навъи бангдона дар ҳолати мастӣ байни Беҳзод Давронбеков ва ҳамсояи вай гумонбаршуда Ҷамшед Ҷумъазода муноқишаи лафзӣ сурат мегирад. Гумонбаршуда бо истифода аз болғаи оҳанӣ аввал Беҳзод Давронбековро кушта, дар идома бо гумони он, ки модари ӯ ин  кирдори ҷиноятиашро дидааст,  қасди аз ҳаёт маҳрум кардани занро  намуда, ӯро мавриди латукӯби шадид қарор медиҳад”,-афзуд Акбар Шарифӣ.

Аз зарбаи сахти болға  ба қисмати сару рӯй,  Беҳзод  Давронбеков ба ҳалокат расида, модари ӯ Малоҳат Зиёева ҷароҳати вазнин мебардорад.

Додситонии ноҳияи Зафаробод таҳқиқи идомаи ин қазияро дар ихтиёри худ гирифтааст. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...