Аз моҳи январ вуруди нақлиёт ба Душанбе аз якчанд минтақаҳо маҳдуд мешавад

Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, аз 1 январи соли 2021 ба вуруди воситаҳои нақлиёти мусофирбар аз гурӯҳи ноҳияҳои водии Рашт, вилояти Хатлон, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Файзобод ва шаҳрҳои Роғуну Ваҳдат маҳдудият ҷорӣ мешавад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси пойтахти Тоҷикистон. Ин қарор бо мақсади ба танзим даровардани воситаҳои нақлиёти мусофирбари […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, аз 1 январи соли 2021 ба вуруди воситаҳои нақлиёти мусофирбар аз гурӯҳи ноҳияҳои водии Рашт, вилояти Хатлон, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Файзобод ва шаҳрҳои Роғуну Ваҳдат маҳдудият ҷорӣ мешавад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси пойтахти Тоҷикистон.

Ин қарор бо мақсади ба танзим даровардани воситаҳои нақлиёти мусофирбари ба ҳудуди шаҳри Душанбе воридшаванда ва хатҳои сайри дохилишаҳрӣ, коҳиш додани шиддатнокии ҳаракати воситаҳои нақлиёт қабул мешавад.

Ба ин тариқ, аз 1 январ ронандагони машғули мусофиркашонӣ аз гурӯҳи ноҳияҳои водии Рашт, Кӯлоб, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Файзобод ва шаҳрҳои Роғуну Ваҳдат, ки тариқи Дарвозаҳои шарқии шаҳр ба пойтахт меоянд, уҳдадор мешаванд, ки мусофирони худро дар терминали “Шарқ транс”, воқеъ дар баромад аз Душанбе ба самти шаҳри Ваҳдат аз автомашина пиёда кунанд.

Мусофироне, ки аз шаҳру навоҳии дар боло зикршуда ба пойтахт меоянд, барои воридшавӣ ба Душанбе метавонанд аз хизматрасонии микроавтобусҳо (маршруткаҳо)-и №18, 39 ва автобусҳои  №2, 4, 7, 43 истифода баранд.

Мусофироне, ки аз ноҳияи Рӯдакӣ ва ноҳияҳои вилояти Хатлон тариқи Дарвозаҳои ҷанубии шаҳр ба пойтахт меоянд, дар терминали ҶСП “Тоҷиквнешранс”, воқеъ дар баромад аз шаҳри Душанбе ба самти ноҳияи Рӯдакӣ аз автомашинаҳо фароварда мешаванд.

Аз ин терминал мусофирон бо истифода аз хизматрасониҳои микроавтобусҳои  № 3, 5А, 33, 42, 56, 81, 88  ва автобусҳои  №1, 2 , 43 ба дохили шаҳр ворид шуда метавонанд.

Дар шаҳрдорӣ қайд карданд, ки ин қарори раиси пойтахт алҳол ба автомашинаҳое, ки бо мусофирон аз самти Варзобу вилояти Суғд ва ноҳияҳои водии Ҳисор ба Душанбе меоянд, дахл надорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.