Боздошти сардори қисми навбатдории ШВКД ноҳияи Рӯдакӣ барои порагирӣ

Date:

Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон сардори қисми навбатдории Раёсати ВКД дар ноҳияи Рӯдакӣ Тахмурас Ғаюровро ба гумони порагирӣ дастгир карданд.

Тавре маркази матбуоти Агентӣ хабар медиҳад, Тахмурас Ғаюров моҳи июли соли 2018 барои аз Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба Академияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гузаронидани писари як шаҳрванд аз ӯ 3 ҳазор доллар пора талаб кардааст.

“Аз ин маблағ ӯ пешакӣ 15 ҳазор сомониашро гирифта, барои бароварда кардани эҳтиёҷоти худ сарф кардааст”, – менависад маркази матбуоти Агентӣ.

Гуфта мешавад, вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Ғаюров. бо моддаи 247, қисми 3, банди “а” Кодекси ҷиноятии ҶТ (Қаллобӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, он баъди анҷоми тафтиши пешакӣ барои баррасӣ ба суд ирсол карда шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...