«Тоҷикистон ба пеш!». «Formula 55» қаиқрон Шаҳриёр Даминовро дастгирӣ мекунад

Намояндагони Аввалин ширкати миллии букмекерии “Formula 55” ва Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати Тоҷикистон бо варзишгари маъруфи тоҷик, қаҳрамони Осиё оид ба қаиқронӣ  (байдарка ва каноэ) Шаҳриёр Даминов мулоқот оростанд. Ҳадаф аз вохӯрӣ дастгирии варзишгари навбатии тоҷик Шаҳриёр Даминов аз ҷониби ширкат унвон мешавад. Сардори шуъбаи кор бо дастаҳои мунтахаби Кумитаи ҷавонон ва варзиш […]

Намояндагони Аввалин ширкати миллии букмекерии “Formula 55” ва Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати Тоҷикистон бо варзишгари маъруфи тоҷик, қаҳрамони Осиё оид ба қаиқронӣ  (байдарка ва каноэ) Шаҳриёр Даминов мулоқот оростанд.

Ҳадаф аз вохӯрӣ дастгирии варзишгари навбатии тоҷик Шаҳриёр Даминов аз ҷониби ширкат унвон мешавад.

Сардори шуъбаи кор бо дастаҳои мунтахаби Кумитаи ҷавонон ва варзиш Суҳроби Акбаршо зимни мулоқот изҳор дошт, ки дар ин давраи барои ҳама душвор дастгирии варзишгарон ва дар умум соҳаи варзиш, барои рушд ва таблиғи тарзи ҳаёти солим хеле муҳим аст.

Ба гуфтаи ӯ, барои рушду таблиғи навъи варзиши қаиқронӣ дар ҷумҳурӣ Кумита соли 2021 баргузории як қатор чорабиниҳои варзиширо ба нақша гирифтааст.

“Ба ширкати«Formula 55» ва Кумитаи ҷавонон ва варзиш изҳори миннатдорӣ мекунам. Ин бароям хеле гуворо буда, маро дар даст ёфтан ба комёбиҳои нав рӯҳбаланд мекунад. Айни замон вазифаи асоси ман иштирок дар Бозиҳои олимпӣ аст. Барои ин ҳамаҷониба кӯшиш мекунам”, – гуфт Шаҳриёр Даминов.

Дар доираи лоиҳаи «Тоҷикистон ба пеш!» ба варзишгарон барои омодагӣ ва иштирок дар мусобиқаҳо аз лиҳози молиявӣ кумак расонида мешавад.

Ширкати “Formula 55” доимо фаъолона рӯйдодҳои варзишии гуногун ва варзишгаронро дар саросари ҷумҳурӣ ва берун аз ҳудуди он дастгирӣ мекунад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.