Боздошти сардори қисми навбатдории ШВКД ноҳияи Рӯдакӣ барои порагирӣ

Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон сардори қисми навбатдории Раёсати ВКД дар ноҳияи Рӯдакӣ Тахмурас Ғаюровро ба гумони порагирӣ дастгир карданд. Тавре маркази матбуоти Агентӣ хабар медиҳад, Тахмурас Ғаюров моҳи июли соли 2018 барои аз Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба Академияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гузаронидани писари як шаҳрванд аз […]

Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон сардори қисми навбатдории Раёсати ВКД дар ноҳияи Рӯдакӣ Тахмурас Ғаюровро ба гумони порагирӣ дастгир карданд.

Тавре маркази матбуоти Агентӣ хабар медиҳад, Тахмурас Ғаюров моҳи июли соли 2018 барои аз Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба Академияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гузаронидани писари як шаҳрванд аз ӯ 3 ҳазор доллар пора талаб кардааст.

“Аз ин маблағ ӯ пешакӣ 15 ҳазор сомониашро гирифта, барои бароварда кардани эҳтиёҷоти худ сарф кардааст”, – менависад маркази матбуоти Агентӣ.

Гуфта мешавад, вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Ғаюров. бо моддаи 247, қисми 3, банди “а” Кодекси ҷиноятии ҶТ (Қаллобӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, он баъди анҷоми тафтиши пешакӣ барои баррасӣ ба суд ирсол карда шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.