РЕН ТВ: Русия 4 ҷинояткори хавфнокро ба ихтиёри Тоҷикистон медиҳад

Прокуратураи генералии Русия тасмим гирифт, ки 4 нафар шаҳрвандонро, ки дар содир намудани як қатор ҷиноятҳо дар қаламрави Тоҷикистон гумонбар дониста мешаванд, ба ихтиёри Тоҷикистон медиҳад. Дар ин бора шабакаи телевизиони РЕН ТВ хабар медиҳад. Шабакаи телевизионӣ бо истинод ба Прокуратураи генералии Русия иттилоъ медиҳад, ки яке аз гумонбаршудагон соли 2009 дар Душанбе ба шаҳрванди […]

Прокуратураи генералии Русия тасмим гирифт, ки 4 нафар шаҳрвандонро, ки дар содир намудани як қатор ҷиноятҳо дар қаламрави Тоҷикистон гумонбар дониста мешаванд, ба ихтиёри Тоҷикистон медиҳад. Дар ин бора шабакаи телевизиони РЕН ТВ хабар медиҳад.

Шабакаи телевизионӣ бо истинод ба Прокуратураи генералии Русия иттилоъ медиҳад, ки яке аз гумонбаршудагон соли 2009 дар Душанбе ба шаҳрванди Чин дарафтода, 26 ҳазор доллари ӯро ғорат кардааст.

“Ҳамин шахс якҷоя бо ҳаммаслакаш бо истифода аз арматура ва корд як нафарро куштааст, зеро намехост, ки 4 ҳазор доллар қарзро ба ӯ баргардонад”, – иттилоъ медиҳад РЕН ТВ.

Ба иттилои манбаъ, боз як гумонбаршаванда дар ғайриқонунӣ харидану интиқол ва нигаҳдории маводи мухаддир даст дорад.

“Гумонбаршавандаи сеюм ҳангоми кор ба сифати хазинадор 171 билетҳои ҳавопаймоиро бо нарх барои калонсолон фурӯхта, лекин дар ҳуҷҷатҳо фурӯши онҳоро бо нархҳои имтиёзнок барои ноболиғон нишон додааст ва маблағи фарқияти нархҳоро барои худ гирифтааст, – иттилоъ медиҳад манбаъ. – Марди чорум соли 2015 аз хонаҳои мардум чизу чора ва амволи онҳоро медуздидааст”.

Гуфта мешавад, ба туфайли ҳамкории муштараки Прокуратураҳои генералии ҳар ду кишвар дар мавриди истирдоди ин нафарон созиши мусбат ҳосил шуд.

Дар Прокуратураи генералии Тоҷикистон ин маълумотро ба “Азия-Плюс” тасдиқ ҳам накарданду инкор низ, лекин талаб намуданд, ки барои посух ба саволҳоямон дар мавриди итирдоди онҳо дархости расмӣ пешниҳод кунем.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.